мобайл

Барои чӣ ба Mobile App маълумоти мо зарур аст?

Вақте барномаҳои мобилӣ маълумоти шахсиро дархост мекунанд, ба назар чунин менамояд, ки касе ҳаёти шахсии шуморо зӯран халалдор карданист. Лекин ҳар чизро метавон оқилона шарҳ дод. Дар 99% ҳолатҳо маълумоти шахсиро барои он додан лозим, то ки худ чизеро ба даст оварда тавонем.

Ҷосусе, ки қаблан набуд

Дар ҳоли имрӯз дар смартфони ҳар истифодабарандаи миёнаоморӣ наздики 100 барномаҳо фаъол карда шудаанд. Бисёри онҳо ягон навъ маълумотро дар бораи соҳиби гаҷет ё худи дастгоҳ дархост менамоянд. Барномаҳо ном, суроғаи почтаи электронӣ ё суроғаи воқеиро пурсон мешаванд, дастрасиро ба камера ва микрофон талаб мекунанд, смартфонҳо бошанд, кӯшиш мекунанд, ки макони дақиқи қарор доштани одамро муайян намоянд.

Бе воҳима! Дастрасӣ ба ин ё он маълумот барои фаъолияти комили барномаҳо, яъне баҳри истифода бурда тавонистани он Mobile App, ки худи мо насб кардаем, зарур мебошад. Мисоли оддитарин: барои барнома оид ба таҳриру ороиши аксҳо дастрасӣ ба … дуруст, дастрасӣ ба аксҳои шумо лозим аст. Ба диктофон — дастрасӣ ба микрофон. Назарияи сӯиқасди ҷаҳонӣ дар пеши чашм фурӯ мепошад, ҳамин тавр не?

Барномаҳо чӣ мехоҳанд?

Мисоли душвортар меорем — барномаи “МегаФон Life”, ки дар Тоҷикистон аз ҳама зиёд насб карда мешавад. Ба кадом маълумот он дастрасӣ мехоҳад ва барои чӣ?

Ба камера — то ки QR-рамзҳо барои пардохти харидҳо скан карда шаванд. Дар бисёр мағозаҳо QR-рамзҳо имкон медиҳанд, ки кешбэк ва холҳои бонусие, ки сипас онҳоро метавон ба мегабайтҳо, дақиқаҳо ва SMS иваз намуд, ба даст оварда шаванд.  

Ба тамосҳо — баҳри анҷомдиҳии зангҳо ба воситаи барнома. Теъдоди зиёди истифодабарандагон дар Россия қарор доранд ва онҳо бо ҷону дил ба ватан тариқи “МегаФон Life” занг мезананд, зеро ин аз даъватҳои оддии байналмилалӣ 5-6 маротиба муфидтар аст. Дастрасӣ ба тамосҳо инчунин барои интиқоли бетаъхири маблағ байни ҳамёнҳо, ё барои пур кардани тавозуни шахси дигар зарур меояд.

Ба микрофон — бо ҳамон мақсад. Барои зангҳо.

Ба макони қароргирӣ, геолокатсия — то ки ҳамаи функсияҳои барнома ҳангоми ҷойивазкунӣ байни истгоҳҳои базавӣ бенуқсон амал намоянд ва сифати интернет низ тағйир наёбад. Ин чора инчунин баҳри фавран пайдо кардани идораи наздиктарини алоқаи оператор ё гирифтани машварати онлайн-мушовир оид ба сифати телеком-хизматрасониҳо дар макони муайян пешбинӣ шудааст. Геомақом ба шабака имкон медиҳад, ки дастгоҳи аз ҷониби муштарӣ барои воридшавӣ ба интернет истифодашаванда “дида шавад”.

Ба аксҳо — барои табодули контент дар мессенҷер. Ин ҳам яке аз функсияҳои маъруфи барнома ба шумор меравад.

Ба изи ангушт ва Face ID — барои зуд ворид шудан ба барнома.

Ҳамагӣ: шаш банд ва ҳамаи онҳо бо мақсади муайян ва ба манфиати худи истифодабаранда.

Бовар кардед? Бисанҷед!

Ҳанӯз якчанд сол пеш барномаҳо ҳар он чизеро, ки ба онҳо лозим омада метавонист, пурсон мешуданд. Дар намунаҳои нисбатан навтари iOS ва Android вазъият каме дигар мебошад: маълумот ҳамон вақте дархост карда мешавад, ки он лозим аст. Ҳамин тариқ, хизматрасониҳои мусиқӣ дар аввал тамоман чизе намепурсанд. Лекин баъдтар, шояд дастрасӣ ба махзани нигоҳдории мусиқӣ дархост карда шавад. Ин дар ҳолест, ки агар Шумо хоҳиши боргирӣ кардани сурудҳоро ба смартфони худ дошта бошед. Фаҳмост, ки ба хотир гирифтани он, ки ҷамъоварии кадом категорияҳои маълумотро шумо иҷозат дода будед ва чунин иҷозат ба кадом барномаҳо дода шудааст, хеле мушкил аст. Лекин санҷидани он душвор нест.

Дар iPhone ба “Настройки” — “Конфиденциальность” гузаред ва сипас, масалан, “Камера”-ро пахш кунед, то бубинед, ки қаблан кадом барномаҳо дастрасиро ба он талаб карда буданд.

Дар дастгоҳҳои Android роҳ чунин аст: “Настройки” — “Приложения” — “Уведомления” — “Разрешения приложений”. Лекин диққат кунед, ки номи бандҳои феҳрист каме фарқ карда метавонанд — ин аз намуди телефони шумо вобаста аст.

Ҳуқуқ барои интихоб

Баъзе барномаҳо метавонанд дастрасиро ба зангҳои телефонии шумо, рӯйхати даъватҳо ва SMS-паёмакҳо талаб намоянд. Чунин маълумотро метавон бо мақсадҳои қонунӣ, аз ҷумла бо мақсади мушаххаскунии истифодабаранда аз ҷониби оператори мобилии ӯ ба кор бурд.

Барномаҳо, албатта, гуногун мешаванд. Барои ҳамин шумо ҳуқуқ доред, ки онҳоро ба ҳудуди худ роҳ надиҳед. Пеш аз ба кор даровардан рӯйхати имкониятҳои онҳоро аз назар гузаронида, худ фикр кунед, ки ба шумо ин ё он функсияҳо лозиманд ё не. Ниҳоят, метавон сиёсати махфиятро мутолиа намуд. Агар он мавҷуд набошад ё дар он гуфта нашуда бошад, ки маълумоти шумо ба куҷо равона карда мешавад, чунин барномаро насб накунеду халос. Барномаҳои алтернативиро аз таҳиягарон, ки майлу хоҳиши шуморо ба назар гирифта, танҳо маълумоти аз ҳама заруриро талаб мекунанд, интихоб намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *