Низои марзӣ. Масоили баҳсии Тоҷикистону Қирғизистон ҳал шуд?

Аз муноқишаҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1 сол сипарӣ мешавад. Дар натиҷаи низои марзии моҳи сенябри соли гузашта дар марзи ин ду ҳамсоякишвар дар Исфараву Бодканд даҳҳо нафар тоҷик ҷон бохтанд. Даҳҳо хонаҳои сокинони манотиқи наздисарҳадӣ осеб диданд. Ҷониби Қирғизистон ҳам аз ин низоъ зиён дид. Аммо бо вуҷуди борҳо гуфтушуниди мақомоти расмии ду кишвар, ҳоло ҳам масоили баҳсӣ ҳалли худро наёфтаанд.

Тиҷорати марзӣ — василае барои дӯстӣ

Бозор на танҳо макони тиҷорат, балки василаи муҳим барои тақвияти дӯстӣ низ мебошад. Дар манотиқи марзии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон нуқтаҳои тиҷорат фаъолият мекарданд. Барои сокинони ду манотиқ барои додугирифти маҳсулот ва пешрафти зиндагӣ хеле манфиатовар буд. Аммо суди бештарро сокинони Лайлак медиданд. Зеро барои онҳо хариди маҳсулот аз Тоҷикистон осону арзон ва масофа наздиктар буд. Онҳо бидуни мушкил ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, маҳсулоти ниёзи худро пайдо менамуданд.

Фарзона Ҳодибоева, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки ҳоло суботу амният дар сарҳад таъмин аст, вале пас аз муноқишаҳои ахир рафтуомади сокинон канда шуд.

“Хушбахтона, ҳоло вазъ дар сарҳад ором аст. Қариб як сол мешавад, ки аз ду ҷониб омадурафти сокинон нест. Аслан, мо мушкил надорем. Ҳамеша ҷонибдори дӯстиву ҳамсоядорӣ ҳастем. Аммо ҷониби Қирғизистон сарҳадро бастааст. Вобаста ба ин вазъият сокинони ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бештар танқисӣ мекашанд. Масофаашон барои хариди маҳсулот нисбатан дур шудааст. Қаблан аз ҷамоти Хистеварз молу маҳсулот харидорӣ мекарданд”,- мегӯяд Фарзона Ҳодибоева.

Ҳамсоя доди Худост

Дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ замоне бозори муштарак вуҷуд дошт. Яке молбозору дигаре бо номи “Вохӯрӣ”. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки айни замон молбозор фаъолият намекунад. Аммо бозорчаи “Вохӯрӣ”, ки дар баробари маҳсулот, дар канораш нуқтаҳои сӯзишворӣ дорад, қисман фаъолият мекунад.

Фарзона Муродӣ, хабарнигор дар вилояти Суғд, ки дар ин мавзеъ будааст, мегӯяд, бозорчаи “Вохӯрӣ” дар роҳи мошингузари Хуҷанд — Конибодом ҷойгир аст. Ӯ аз нақли Илҳом Маҷидзода, як тоҷири ин бозор гуфт, ки бозори “Вохӯрӣ” солҳои пеш аз муноқишаҳои сарҳадӣ макони вохӯрии сокинони ду кишвари ҳамсоя — тоҷикону қирғизҳо буд. Номи бозор ҳам шояд ба ҳамин хотир пайдо шудааст. Маҷидзода аз бозорҳои вилояти Суғд мол харида, дар дӯконаш фурӯхтаву аз ин ҳисоб зиндагиашро пеш мебарад. Пештар қисми харидоронаш сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Қирғизистон будаанд. Аммо даргириҳои солҳои охир дар сарҳад ба кори ӯ низ таъсир расонидаанд.

“Ҷанг ба ҳеҷ ваҷҳ ба фоидаи касе нест. Сулҳ, дӯстӣ, якдигарфаҳмии сокинони ду кишвар хеле муҳим аст. Охир, ҳамсоя доди Худост. Танҳо муросову дӯстӣ бояд кард!”,- чунин андеша дорад И. Маҷидзода.

Ҳарчанд бозорҳои наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон расман фаъолият надоштанд, аммо дар онҳо теъдоди зиёди мардум ба қавле нони худро пайдо мекарданд. Барои ҳамзистии осоиштаи мардум ҳам ин бозорҳо мусоидат менамуданд.

Вазъ дар Исфара чӣ гуна аст?

Абдумуталиб Шарипов, сокини марзӣ, ки дар шаҳри Исфара кору зиндагӣ мекунад, чанд мушкилеро ном бурд, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд.

«Айни замон сокинони манотиқи наздимарзӣ ягон рафтуомад надоранд. Ҷониби Қирғизистон марзро бастааст. Бар замми ин, чанд мушкил ҳалли худро наёфтааст. Аз ҷумла, истифодаи об аз наҳру ҷӯйборҳо, ки мегӯянд ҳал шудааст, аммо комилан чунин нест.  Бинобар ин, эҳтимолияти сар задани муноқишаҳо дар заминаи тақсимоти об ва тоза кардани ҷӯйборҳо ҷой дорад. Инчунин, роҳҳо ва гузаргоҳҳо. Масалан, сокинони Чоркуҳу Ворух, агар Шӯроб меомаданд, пештар масофа 10 км буд. Ҳоло тавассути Исфара мераванд ва 30 км масофаро тай мекунанд. Яъне роҳ дар ҳудуди сарҳад аст”,- изҳор дошт Абдумуталиб Шарипов.

Ба андешаи Абдумуталиб Шарипов, дар пайи баста мондани марз бештар Қирғизистон бохт мебинад. Сокинони наздимарзии тоҷик аз ҳамсоякишвари худ нуриҳои минералӣ ва ангишту сӯзишворӣ барои мошин харидорӣ мекарданд. Сокинони наздимарзии қирғиз бошанд,  маҳсулоти ғизоӣ харидорӣ мекарданд.

Абдумуталиб Шарипов ба ин бовар аст, ки сокинони маҳаллаҳои марзӣ ҳама хоҳони пойдор шудани сулҳ ва ҳамсоягии нек ҳастанд. Дар ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадии Исфара ҳоло бозори муштараке вуҷуд надорад, вале қаблан мардум ҳамеша ба бозорҳои ҳамдигар бе монеа мерафтанд ва тиҷорат мекарданд. Ниятҳои сохтани минтақаи озоди иқтисодӣ ва бозорҳои бузурги муштараки наздимарзӣ буданд, аммо дар натиҷаи афзоиши муноқишаҳо муносибатҳои ҳамкорӣ маҳдуд гаштанд. Нақшаҳо ҳам амалӣ нашуда монданд. Ҳатто як бозорчаи муштараке, ки дар деҳаи Лаккон амал мекард, аз байн рафт. Ҳоло дар Исфара ва ноҳияи Бодканди Қирғизистон бозори муштарак вуҷуд надорад.

Қаблан вакили Шурои маҳаллии деҳаи Оқсойи Қирғизистон Соатбек Анаров гуфта буд: “Дӯстии мо абадист ва сарҳад надорад. Мо бояд онро мустаҳкам кунем, дар деҳоту ноҳияҳои наздисарҳадӣ корхонаҳои хурди муштарак ташкил кунем, ки ин чиз барои мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстии сокинони наздимарзӣ хеле муҳим аст”.

Коршиноси масоили марзӣ Неъматулло Мирсаидов низ яке аз роҳҳои ҳалли мушкили байни ду кишварро дар фаъолгардонии тиҷорати якҷоя медонад.

— Тиҷорат омили муҳими пойдории анъанаҳои пешина ва дӯстона байни сокинони маҳалҳои марзӣ ва мардуми ду кишвари ҳамсоя аст. Агар мардум эҳсос намоянд, ки аз ҳамдигар вобастаанд, ба ҳамдигар ниёз доранд, ба роҳ мондани ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷониба осон аст. Боварӣ ҳам ба ҳамдигар устувор мегардад. Аз ин рӯ, ҳамаи монеаҳое, ки ҳаракати озодонаи шаҳрвандони ду кишварро маҳдуд менамоянд, бояд бардошта шаванд,- мегӯяд номбурда.

Мирзиёев ҷонибдори бозори наздимарзист

Моҳи июли соли 2022 нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст масоили минтақавӣ баррасӣ шуда буд. Президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар нишаст изҳор дошта буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд худро бо ғизо таъмин кунанд. Ба гуфтаи ӯ, иқтисоди ҷаҳонӣ, ки барои пурра барқарор шудан аз таъсири пандемияи коронавирус фурсат наёфта буд, ҳоло дар пайи ташаннуҷҳои байналмилалӣ таконҳои навро аз сар мегузаронад. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишаст пешниҳод кард, ки сарфи назар аз динамикаи мусбат, барои рушди бештари минтақа бояд бозорҳои наздимарзӣ бо шароити муосир ташкил шаванд. Ӯ гуфт, ки имрӯз тиҷорати дохилиминтақавӣ ҳамагӣ 5-10 дарсади ҳаҷми умумии гардиши молро ташкил медиҳад.

Роҳи ҳал чист?

Коршиносон, аз ҷумла сиёсатшинос Шералӣ Ризоён ба ин назар аст, ки муҳимтарин абзори ҳалли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон гуфтушунид аст. “Барои пешгирии низои эҳтимолӣ бояд фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ тақвият ёбад”,- андеша дорад ӯ.

Таҳлилгарони минтақавӣ ҳам ба ин назаранд, ки қазия танҳо бо созиш ҳалли худро меёбад. Ҳамчунин, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ  дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, марказҳои тиҷоратӣ омили муҳим барои тавсеаи дӯстӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки марзи Тоҷикистону Қирғизистонро беш аз 980 км ташкил медиҳад. Қисме аз он аломатгузорӣ нашуда, боиси баҳсу муноқишаҳо мегардад. Ҳарчанд ҳар ду ҷониб пайваста аз ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои сарҳадӣ сухан мекунанд ва мулоқотҳо доир менамоянд, аммо то ҳол ҳудуди 300 км сарҳад мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст.

Усмон РАҲИМЗОДА

P.S. Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ барои таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, омода шудааст. Лоиҳа аз ҷониби консорсиум таҳти роҳбарии Бунёди Конрад Аденауэр дар якҷоягӣ бо се шарики миллӣ: Ҳаракати экологии «БИОМ» (Қирғизистон), Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» (Ӯзбекистон) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» (Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *