Даргузашти физикдони тоҷик Акбар Адҳамов

Акбар Адҳамов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика ва фарзанди нахустин директори Институти физика ва техникаи Тоҷикистон, академик Акобир Адҳамов дар синни 67-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Дар бораи марги ӯ аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дода, сабаби маргашро беморӣ арзёбӣ намуданд.

Акбар Адҳамов соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1978 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро хатм карда, ҳамчун коромӯз ва аспиранти шуъбаи назарияи тазоҳуроти плазмавии Институти физика ба номи П. Н. Лебедеви Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар Маскав, ҳамзамон дар Институти физика ва техникаи ба номи Султон Умаров ба ҳайси корманди Озмоишгоҳи физикаи криогеннӣ ва баъдан ҳамчун корманди калони илмии ин озмоишгоҳ то соли 2014 кор кардааст.

Ӯ соли 1987 дар Институти физикаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ рисолаи номзадӣ ва соли 2002 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Соли 2007 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ташкилоти ҷамиятии «ЦИФРА» кушодааст. Ӯро яке аз аввалин ташкилкунандагони мактаби техологияи итттилоотӣ дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон медонанд.

Аз соли 2011 ин тараф блогҳо ва чандин гурӯҳро бахшида ба пешрафти илм ва техника ва ҳамчунин тиб дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бар уҳда дошт.  

Марҳум солҳои охир дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард ва яке аз мутахассисони хуби соҳаи физикаи назариявӣ ба ҳисоб мерафт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *