Низом Мирзозода: Биноҳои Ҳукумат ва парлумон соли оянда ба истифода дода мешаванд
Дар Тоҷикистон шаш моҳи соли равон ба масоҳати 772 ҳазору 900 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 2-юми август иттилоъ дода шуд.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки биноҳои нави Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамчунин, иттиллоъ дода шуд, ки пас аз ҳодисаҳои заминҷунбии шадид дар Туркияву Сурия, ки садҳо хонаҳои истиқоматии баландошёна чаппа шуданд, дар Тоҷикистон озмоишгоҳ таъсис ёфт.
Масъулини Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки ин озмоишгоҳ барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва баҳодиҳии риояи меъёри қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Таҷҳизоти озмоишгоҳ истеҳсоли Русия будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ