Ноҳияи Панҷ: Дар Беморхонаи марказӣ ҳама шароит муҳайёст

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шароити ташхису табобат беҳтар гардидааст. Феълан беморхона бо таҷҳизоти муосиру пешрафтаи тиббӣ ҷиҳозонида шудааст ва табибони дорои донишу малакаи зиёд ба сокинон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Муҳаммадӣ Самиев, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки бо ҷаваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ шароит беҳтар шудааст. Ӯ мегӯяд, Беморхона дорои шароити хуби бистарисозии беморон буда, бо таҷҳизоти муосиру зарурии тиббӣ таъмин аст, ки ин албатта, дар нигаҳдории сиҳатии сокинон нақши калидӣ мебозад.

Ба таъкиди вай, беморхона дорои 13 шуъба ва беш аз 280 кати хоб барои беморон мебошад. Барои дастрасии саривақтии аҳолӣ ба хизматрасонии беҳтари тиббӣ дар тобеияти беморхонаи марказӣ чор Беморхонаи рақамӣ, Беморхонаи сил ва таваллудхонаи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат мавҷуд мебошад. Ин муассисаҳои табобатӣ наздик ба 150 кат барои бистарикунонии беморон доранд.

“Дар 11 моҳи соли равон дар шуъбаи қабул 4 ҳазору 962 нафар ба қайд гирифта шуд. Ба беш аз 2 ҳазору 90 муроҷиаткунанда ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст. Боқимондаро барои пурра барқарор гардидани саломатӣ дар беморхона бистарӣ карданд”,- мегӯяд ӯ.

Муҳаммадӣ Самиев афзуд, ки шуъбаи ҷарроҳии беморхона бошад, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, шароити хуби корӣ барои табибон таъмин аст. Ба таъкиди вай, танҳо шуъбаи ҷарроҳӣ дорои 60 кати хоб барои беморон аст. Дар ёздаҳ моҳи соли равон 992 нафар дар шуъбаи мавриди назар бистарӣ гардида, 839 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки 616 амалиёти фаврии ҷарроҳӣ ва боқимонда ҷарроҳии нақшавӣ мебошанд.

Дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказӣ назар ба солҳои қаблӣ шароит беҳтар аст. Феълан шуъба 75 кат барои бистарикунонии беморон дорад. Барои солимии модару кӯдак ва пешгирӣ аз фавти онҳо табибон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз давраи ҳомилагӣ то таваллуд занони ҳомиларо таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳанд. Давоми сол дар шуъбаи таваллуд 3 ҳазору 519 нафар бистарӣ карда шудаанд, ки беш аз 3 ҳазору 170 нафар барои таваллуд хобонида шудаанд.

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона ва калонсолони Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ дорои 110 кати хоб аст. Дар ин шуъба дар ёздаҳ моҳи соли равон барои табобат 885 нафар бистарӣ карда шудаанд. Бо дастрас кардани таҷҳизоти муосири тиббӣ шароити табобати беморон дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ нисбатан беҳтар гардидааст.

Дар шуъбаи таҳлилгоҳ дар маҷмуъ 24 ҳазору 728 таҳлили лабараторӣ гузаронида шудааст. Феълан ин шуъба бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ ҷиҳозонида шудааст, ки дар сари вақт муайян кардани бемории муроҷиаткунандагон ва табобати дурусти онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамчунин беморхона дорои ҳуҷраи аксбардории рентгенӣ, ҳуҷраи ултрасадои рақами 1 ва 2 мебошад. Бо ворид кардани ин гуна таҷҳизот сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Панҷ беҳтар гардид.

Баъди дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати ҳуҷраи хатна хеле беҳтар карда шуд. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳуҷраи мавриди назар табибони соҳибтаҷрибаи беморхона зиёда аз 10 ҳазор амалиёти муваффақонаи хатна гузаронидаанд. Ин нишондод нисбат ба солҳои қаблӣ хеле зиёд аст.

Муҳаммадӣ Самиев, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ мегӯяд, ки дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот чор беморхонаи рақамӣ ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд. Ба гуфтаи вай, дар ин беморхонаҳо барои бистарикунонии беморон дар умум 120 кати хоб ҷойгир аст. “Хоҳишмандон метавонанд дар ҳамин беморхонаҳо табобат ва бистарӣ шаванд. Барои таваллуди занони ҳомила низ шароит муҳайё карда шудааст. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар беморхонаҳои рақамӣ 243 бемор бистарӣ карда шудаанд”,- гуфт ӯ.

Муҳаммадӣ Самиев, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ афзуд, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шароити табобати беморон хеле беҳтар гардидааст. Беморхона бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин буда, табибони донишманду соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шудаанд. Ҳоло дар беморхона ҳама гуна беморон бистарӣ ва табобат мешаванд. Қариб ки ҳоҷат барои бурдани беморон ба беморхонаҳои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар вуҷуд надорад.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *