Дар Душанбе Маркази инноватсионию технологии Тоҷикистон ва Эрон таъсис меёбад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри теҳрон аз фаъолияти Хонаи навовариҳои технологии Эрон шинос шуд.

Бино ба иттилои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни шиносоӣ иттилоъ дода шудааст, Хонаи навовариҳои технологии Эрон марказе аст, ки дар он навтарин дастоварду ихтирооти илмӣ ва нанотехнологии Эрон дар соҳаҳои гуногуни саноат, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, вояҳои чорво ва паранда, доруҳои растанӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шудааст.

Хонаи навовариҳои технологии Эрон бо мақсади васеъ намудани содироти маҳсулоти илмӣ ва рушди ҳамкории муштараки илмию техникии байни Эрон ва кишварҳои хориҷӣ бо ниҳодҳои давлативу илмии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.

Дар ҳамин ҷо бо мақсади рушди ҳамкории илмию техникӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ва пешбурди муносибатҳо дар соҳаи технологияҳо ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази инноватсионию технологии Тоҷикистон ва Эрон доир гардид.

Ёддошти тафоҳумро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло Деҳқонии Фирӯзободӣ имзо гузоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *