Дастури навбатии Бег Сабур ба ширкатҳои мобилӣ

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон  ҷаласаи навбатии масъулини соҳаи алоқа ва  намояндагони операторони мобилӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои ин хадамот, дар ҷаласа масъалаи навсозии истгоҳҳои базавӣ ва пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур иброз намуд, ки ширкатҳои мобилӣ бояд имсол ба боло бурдани сатҳи фарогирии мавҷи алоқаи мобилӣ дар мамлакат ва хизматрасонии хадамоти мобилӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Ба таъкиди сардори Хадамоти алоқа, талаботи аҳолӣ ва тамоми соҳаҳо ба алоқаи мобилӣ, махсусан интернет рӯз аз рӯз бештар шуда, ҳамзамон технологияҳои нав ба таври зудҳангом вориди бозори телекоммуникатсионӣ мешаванд.

“Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки навсозии истгоҳҳои базавӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ бо ҳолати баланду дастрас ба таври ҳамешагӣ идома ёбад”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи ворид намудани истгоҳҳои базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G аз Чин дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷаласа таъсиси корхона-лабораторияи ватании истеҳсоли таҳҷизоти соҳаи алоқа, махсусан истгоҳҳои базавии алоқа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *