Ноҳияи Рӯдакӣ: Дарсҳои омӯзишӣ-методӣ дар қисми ҳарбӣ

Дар асоси Нақшаи таълимӣ дар ҳудуди қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ барои фармондеҳон, сардорони ситодҳо ва ҷонишинони сардори ситодҳои қисмҳои ҳарбии КҲФ машғулиятҳои таълимии ҳарбй ва методӣ гузаронида шудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, чорабинӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник Иброҳимзода И. баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки афсарон аз шаҳраки хайманишинон, бошгоҳҳо ва иншоот барои роҳандозии хадамоти шабонарӯзӣ дидан карда ва дар чорабиниҳои амалӣ ширкат варзидаанд.

— Дар ҷараёни баргузории тамринҳои таълимиву методӣ аз ҷониби мутахассисони ҷалбшудаи КҲФ дарсҳо дар мавриди ҳафтаи нахустини омодагиҳои ҳарбӣ дар аввали соли таҳсили 2022, қоидаҳои умумӣ ва талаботи бехатарии ҳарбӣ дар фаъолиятҳои ҳамарӯзӣ, кор бо техникаи наҷот, хидматрасонии техникӣ ва истифодаи воситаҳои кимиёвии иктишофӣ, консепсияи тарбияи сиёсӣ-интизомӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти силоҳи оташфишон, ба қисмҳо ҷудо кардан ва васл намудани автомати Калашников 7,62 мм ва туфангчаи Макаров 9 мм, топографияи ҳарбӣ, харитасозии майдонҳо дар амалия ва назария гузаронида шуданд,- меафзояд манбаъ.

Тавре зикр мегардад, дар охири давраи омӯзишӣ афсарон аз рӯи омодагиҳои касбӣ-вазифавӣ, омодагиҳои ҷисмонӣ, дониши асноди ҳидояткунанда имтиҳон супоридаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *