Сафири Эрон дар Санъо аз коронавирус даргузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз густариши фарогири гунаи “омикрон”-и коронавирус изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тавре Сайид Хатибзода — сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон иттилоъ додааст, Ҳасан Ирлӯ — сафири Эрон дар назди давлати ҳусиҳои зайдии Яман дар Санъо бар асари мубтало шудан ба коронавирус даргузаштааст. Ӯ марги ин дипломати эрониро “шаҳодат” хонда, гуфтааст, ки вай дар маҳали маъмурияти худ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ гирифтори коронавирус шудааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин гуфтааст, ки Ҳасан Ирлӯ пештар дар ҷараёни ҳамлаи кимиёвӣ дар ҷанги Эрону Ироқ маҷрӯҳ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *