Ноҳияи Рӯдакӣ: Семинари омӯзишӣ бо ташаббуси “Нури рӯшноӣ”

Бо ташаббуси «Нури рӯшноӣ» дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид.

Бино ба иттилои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, дар семинари мазкур 120 нафар донишҷӯёну гирандагони стипендияҳо ва ҷавонони фаъол иштирок намудаанд.

— Мавриди зикр аст, ки мақсади омӯзиши мазкур тарғибу ташвиқи зиндагӣ бидуни зӯроварӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, пос доштани арзишҳои оилавӣ ва паст кардани омилҳои зӯроварӣ дар оила буда, ба иштирокчиён дар мавзуҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», намудҳои зӯроварӣ ва оқибатҳои он, зӯроварии иқтисодӣ, волонтёр, лидер, мафҳумҳои гендерӣ ва равонасозии дуруст ҳангоми зӯроварӣ дар оила омӯзиш гузаронида шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *