Ноӯҳдабароии ронанда сабаби марги ӯ ва мусофираш гашт
Бино ба иттилои ВКД,7-уми октябри соли 2017, тахминан соати 07:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “MAN”, Шодиев Домуллоҷон Ҳасанович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 40 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, Шодиев Д. ва мусофираш Солиев Иномҷон Маҳмудҷонович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ