Имрӯз ҳавои офтобист

Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар  ҳавои тағйирёбандаи  беборишро пешгӯӣ намуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа расида, шамол аз самти ғарб дар як сония 3-8 метр мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда ва ҳарорати паст пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 17-22 ва дар шарқи вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои ноустуворро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят тағйирёбандаи абрӣ гашта, дар ағбаҳо фароманди туман дар назар аст. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳарорат 9-14 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи ноустувор дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона паст шуда, ба 17-22 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд мешавад. Ҳаво шабона 9-11  ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *