Ноҷия Карим – Афғонистон — Амрико

Гиристам…

Аз ҷаври рӯзгор чӣ шабҳо гиристам,

Бар рафтагони хеш чу дарё гиристам.

Ашкам нишаст чеҳраи гулро ба бӯстон,

Бо хуни дил чу лола ба саҳро гиристам.

Шӯрат зи сар нарафт чӣ ширин фасонае,

Чун Кӯҳкан волаву шайдо гиристам.

Сели сиришк қасри диламро хароб кард,

Бар ашки чашми модари дунё гиристам.

Дар печутоби чарх чу ашкам гиреҳ гирифт,

Пинҳон зи чашми мардуми доно гиристам.

Бар ёди рафтагону азизони хоки хеш,

Пинҳону ошкору ҳувайдо гиристам.

Модар бимурду кӯдаки ӯ ташналаб бимонд,

Бар кўдакони бесару бе по гиристам.

Бар равзаи мубораки шоҳи вилояташ,

Чун каҳкашон то ба сурайё гиристам.

Вайрона гашт кишвари зебои бостон,

Бар ҳоли габру муъмину тарсо гиристам.

Дасти ситам маъбади Буддо хароб кард,

Бар пайравони ҳиндуву Буддо гиристам.

Не Ҷам ба ҷой монд, на Искандару дараш,

Бар тоҷу тахти Хусраву Доро гиристам.

Бас хок кард модари гардун ба доманаш,

Бар хоки косаи сари Касро гиристам.

Бунёди зулм «маркази гетӣ» хароб кард,

Бар куштагони «товари дунё» гиристам.

Парвона сӯхт аз пайи сӯзу гудози шамъ,

Бекас манам, ки яккаву танҳо гиристам.

Бар гӯши ғайр гиряву сӯзам асар накард,

Аз сӯзи ашки хеш саропо гиристам.

Саҷдакунон равон ба дари Каъбаву Ҳарам,

Дар боргоҳи Эзади якто гиристам.

Ашкам дигар куҷо, ки бирезам ба пойи дӯст,

Бар бахти шӯри шоири фардо гиристам.

***

Хоби ғафлат

Андарин зулмати шаб,

Ҳама мабҳуту хамўш.

Андак андак зарраи нур зи маҳтоб,

Намоён гардид.

Ҳама дар хоби амиқ,

Посе аз шаб чу гузашт.

Ногаҳон аз паси кӯҳҳои баланд,

Шафақит сурх намоён гардид.

Нури маҳтоб парешон гардид.

Нолаи нойи шубоне зи раҳи дур,

Танинандоз аст.

На сукуте монд,

Мурғакони саҳарӣ нағма сароянд,

Ва кушоянд парҳо.

Ҳама аз хоб бароянду пайи кор раванд,

Лек бинӣ ҷамъе,

Ҳамчунон монда ба хоби ғафлат,

Ҳайфи ҳангоми саҳар.

***

Нағмаи ҷодуӣ

Эй дилбар тарсоӣ, ошўби дили моӣ,

Бо ин ҳама зебоӣ, ё раб чӣ дилороӣ.

Дар дайри муғон дидам шӯри ту ба сар доранд,

Ҳиндубачаи Буддо, Зардушти авестоӣ.

Ди дар сафи меҳрўён ном ту ҳамебурданд,

Бо нағмаи ҷодуӣ оҳанги канисоӣ.

Дар майкада мебинам аз шавқи ту сармастанд,

Ҳам ринди хароботӣ, ҳам зоҳиди савдоӣ.

Бо ин дили шайдоӣ, бе сабру шикебоӣ,

Магзор бимирам ман, дар гӯшаи танҳоӣ.

***

Ошно  

Тарсам чу хеш волаву шайдо кунам туро,

Маҷнун ба кўҳу домани саҳро кунам туро.

Чашмам нагашт оинадори ҷамоли ту,

Бо сели ашки хеш тамошо кунам туро.

Хоҳам шабе ба бистари гулҳо гузар кунӣ,

То ошно ба олами рӯъё кунам туро.

Пинҳон зи дидаам чу шавӣ моҳи шабфурӯз,

Бо меҳри ҳусни хеш ҳувайдо кунам туро.

Эй Юсуфи Азиз ба бозори гулрухон,

Хоҳам ҳазор мартаба расво кунам туро.

Эй кош сабза бардамад аз хоки тираам,

То зебу зинати қадду боло кунам туро.

Зебо шавад зи гулшани рӯят таронаам,

Рӯъёи шеъри шоири танҳо кунам туро.

ناجيه کريم- افغانستان- آمریکا

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *