НОБ-и «Роғун» аз нигоҳи Лутфулло Саидмуродов

Лутфулло Саидмуродов, директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти НОБ-и «Роғун», ки барои иқтисодиёти кишвари  мо муҳим арзёбӣ мешавад,  нигоҳашро чунин баён дошт:

    -аввал, мавқеи бемисли захираҳои обии энергетикие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Тавре маълум аст, иқтидори умумии неругоҳҳои обӣ- барқии кишвари мо аз 527 млрд. кВт иборат буда, 54% иқтидори захирањои неругоҳи обӣ- барқии  Осиёи Миёнаро ташкил медиҳад, вале танҳо зиёда аз 3%-и он мавриди истифода ќарор дорад. Аз нуќтаи назари  иқтисодӣ ва экологӣ ин хеле кам аст.

     Дар олами муосир равнақёбии бахши «иқтисоди сабз» наздик ба 3 триллион долларро ташкил медиҳад. Ба њисоби миёна он наздик 2,7% ММД-и љањониро дарбар мегирад. Ба ин хотир, барои Тољикистон  иќтидори неруи обии барќї асоси бахши инкишофи «иќтисоди сабз»-и давлати моро ташкил мекунад. Чунин намуди низоми иќтисодї, ки ба муваффақона њифз намудани ояндаи ҷамъияти инсонӣ равона мегардад, аз ҳисоби истифодаи захираҳои табии боманфиат вобастагї дорад;

   -дуввум. Неругоҳи обии барқии «Роғун» имкон медиҳад, ки оянда муаммои норасоии барқ дар кишвари мо аз миён бардошта шавад ва таъмини барқ доимии он ба ањолї ва интиќоли он ба хориља низ тадбиқ шавад.

     Дар соли сипаригашта (2015) истеҳсоли барқ зиёда аз 17.1 млрд. кВтро ташкил дод, ки ба њар як сари ањолии кишвар 2,02 њазор кВт дарбар гирифт ва камчинии он наздик 4.5 кВт-ро  нишон дод. Њамзамон, талабот ва истеҳсоли солонаи барқ, ки айни замон 21.9 млрд. кВт, дар тӯли панҷ соли гузашта то 24 млрд кВт афзуд. Ин аз он шањодат медињад, ки суръату њаракатњои наву пайдарпайи зиндагї дар ин раванд, лозим ва заруранд;

     -саввум, бо мақсади ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор. Агар дар солҳои наздик сатҳи суръати истењсоли неруи барқӣ – обӣ боло наравад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият мураккаб мешавад, аз рўйи муқаррароти қабулкардаи СММ оид ба ҳадафњои рушди устувор дар солҳои минбаъда, пас аз соли 2015-ум. Ба ин ҳолат роҳ додан мумкин нест, то ки дар асри технологияи информатсионӣ, асри XXІ дар мамлакати мо, ки асосан, захирањои обии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба тартиби муайян медароянд, мардуме, ки махсусан, дар ноњияњои кӯҳистон ва сокинони водии Зарафшон, њамчунин, гурўњи ноњияҳои водии Қаротегин ва як зумра ноҳияҳои Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аз инкишоф додан ва ё сохта додани НБО мањруманд. Имрўз истеҳсолот ва иқтисодиёти Тоҷикистон ба неруи барқӣ — обии Роғун барин зарурат дорад, то њаљми неруи барқ зиёд ва арзон, дастрас ва дар амал ҷорӣ гардад, то рушди стратегии кишвар, инкишофи индустриалӣ – инноватсионӣ ва иқтисодии давлати мо боло равад. Сатҳи зиндагии мардуми мо беҳтар шавад.

Ёдрас мешавем, ки оғози моҳи июли соли ҷорӣ дар  миёни 40 ширкати ватанию хориҷӣ  танҳо “Salini Impregilо” («Салини Импреҷило») — ширкати итолиёвӣ  барандаи озмуни байналмилалӣ барои сохтмони неругоҳи «Роғун» гардид. Тибқи иттилои комиссияи тендерӣ дар озмун 40 ширкати ватанию хориҷӣ аз 17 давлати ҷаҳон ҳавасмандии худро барои сохтмони “Роғун” изҳор намуданд. Маблағи умумии созишномаи имзошуда байни НБО «Роғун» ва «Салини Импреҷило» 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз ин 1 милларду 950 миллион доллараш барои сохтмони садди асосии неругоҳ пешбинӣ шудааст.

Маълумотнома

«Salini Impregilо” (Салини Импреҷило)  ширкати итолиёвист. Зиёда аз 110 сол боз ба сохтмони иншооти азим машғул аст. Ин ширкати итолиёвӣ дар беш аз 50 давлати ҷаҳон фаъолият дошта, то ҳол  230 садд ва неругоҳи барқӣ-обӣ, аз ҷумла дар Қатару Гурҷистон, Лаҳистон ва  кишварҳои дигар  бунёд намудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *