Имоми масҷиди «тақво» ва узви «Ихвон-ал-муслимин» дастгир шуд

 Собиқ имомҳатиби масҷиди ҷомеаи «тақво» ва ҳамзамон ноиби сарҳатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддин, Орифҷон Эргашев ихтиёран ба мақомоти милиса таслим шудааст.

Эргашев истиқоматқунандаи ш. Ҳуҷанд ба ҳориҷ фирор намуд. Ӯ ба узвияти гурӯҳи “Ихвон – ул- муслимин” муттаҳам мешуд ва бинобар ин бо ҳамаслаконаш фирор карда буд.

Чуноне аз гузориши видеоии Раёсати умури дохила бармеояд, Эргашев ҳанӯз замони дар хориҷ аз кишвар таҳсил намуданаш, яъне дар солҳои 1993 то 2001 ба ин созмони ифтротӣ шомил гардида, иҷорапуливу ва маблағи муайяне мегирифтааст. Инчунин, Эргашев давоми 15 соли фаъолияташ минҳайси мударриси мадрасаи шаҳри Хуҷанд, имомхатиби масҷиди ҷомеаи «тақво» ва хатиби масҷиди ба номи Шайх Муслиҳиддин ба тарғибу ташвиқи ғояҳои «Ихвон-ул-Муслимин» фаъолона фаъолият кардааст. «Супоришҳо аз ҳориҷа медоданду ҳисобот мепурсиданд. Мақсадашон аз ин ҳама ташкил намудани давлати исломӣ буд» мегӯяд Эргашев.

 Мувофиқи гуфтаҳояш номбурда, инчунин ҳар сол 3-4 ҳазор доллар аз ҳориҷа гирифта, то даҳ сар чорво харида қурбониву хайр мекардааст.» Ӯ мегӯяд,  пас аз оне, ки вазорати корҳои дохила эълон кард, ба таслимшудагон ҷазои сабук медиҳанд, баргашта, таслим шудам”.

Нисбати Эргашев Раёсати корҳои дохилаи Вилояти Суғд парванда боз намуда, бо сабаби таслим шуданаш, эҳтимолан ҷазо сабуктар пешбинӣ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *