Нобиғаҳои тоҷик боз бо медал ба ватан омаданд
Ба медалҳо Шоҳрух Маҳмадҷон, Меҳрон Бобохонов, Абӯбакр Усмонов, Наимҷон Хонҷонов – толибилмони Литсей-интернати Тоҷикистону Русия ба номи «Ҳотам ва П.В.» ва Муҳаммад Кличев, хонандаи Литсей барои кӯдакони лаёқатманд (собиқ Литсейи Тоҷикистону Туркия ба номи Хоҷа Камол) соҳиб шуданд.
Хонандаи Литсейи «Ҳотам ва П.В.» Суннатулло Раҳматов бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Ба ӯ барои гирифтани медали шашуми биринҷӣ барои Тоҷикистон ҳамагӣ 2 имтиёз камӣ кард.
Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни математика (IMO) шурӯъ аз соли 1959 гузаронида шуда, дар олимпиадаи имсола 594 нафар толибилмони синни аз 14 то 19-сола аз 107 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.
Бо касби 103 имтиёз Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ зинаи 43-умро ишғол намуда, аз кишварҳое чун Дания, Финландия, Белгия, Малайзия, Португалия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Беларус, Испания, Норвегия, Австрия, Арабистони Саудӣ, Исландия, Озарбойҷон, Швейтсария, Кипр, Уругвай, Колумбия, Нигерия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо пешсаф аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ