Ноболиғ таҷовуз шуду Раҳматулло гумонбар
Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон субҳи 6 июл гумонбари асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи Руфейда Иноятоваи 8-соларо муайян ва дастгир кардаанд.
Ин кӯдак 4 июл аз назди хонаашон дар шаҳраки Навобод (корхонаи пахтаи Айнӣ) дар ноҳияи Рӯдакӣ гум шуд ва ҷасадашро рӯзи 5 июл пайдо карданд.
Мақомот расман дар бораи ин парванда то кунун шарҳе надодаанд, вале аммаи кӯдаки кушташуда Саида Иноятова, ки қаблан эълони гум шудан ва сипас ёфтани ҷасади Руфейдаро дар Фейсбук нашр карда буд, ин бор дар як матлаби пурсӯз, ки аз номи Руфейда навиштааст, хабар дод, ки дар қатли ин кӯдак ҳамсояи онҳо Раҳматулло, ки Руфейда бо кӯдаконаш дугона буду ҳамроҳ бозӣ мекард, гумонбар мешавад.
Аммаи хаёлбофи Руфейда аз номи ӯ чунин менависад:
«Ӯ сари маро дар як халта ва дасту поҳои маро дар халтаи дигар андохт. Куртаи сурхи ҷигарии маро ӯ ҳамроҳи корде, ки бо он маро реза кард, сӯзонд. Модари вай – бибии дугонаҳои ман, барои пинҳон кардани пораҳои тани ман кумак мекунад. Ӯ дар талвоса афтода, даромадгоҳро шуст. Ҳаво хеле гарм буд ва дар ин вақт касе онҷо набуд.
Шабона, вақте ҳама ҷо торик шуд ва хешу табору ҳамсояҳо, ихтиёриёни зиёд ва амакҳои милиса маро хона ба хонаи ҳамсояҳо меҷӯстанд, ин зан (кадом зан? Ӯ кист? ) ҳамаро ба хонааш даъват кард ва худаш нишон дод, ки ман дар хонаи онҳо нестам.
Эҳ мардуми сода! Охир шумо ҳам кӯдак будед як вақт ва медонистед, ки вақти баҷошавак бояд дар куҷо пинҳон шуд.
Бархе пораҳои тани маро онҳо дар халта ба сӯрохи хурди хоҷатхонаашон андохтанд. Чунки маро пурра онҷо андохта наметавонистанд. Сипас аз болоям рег рехтанд. Сарамро чунон пинҳон карданд, ки касе гумон ҳам набарад, ки мани хурдакак метавонам онҷо пинҳон шавам. Ин як ҷои хурду торик аст.
Субҳ, вақте маро, дақиқтараш пораҳои маро ёфтанд, бибии дугонаҳои ман боз модари маро айбдор кард, ки маро беназорат гузоштааст ва барои амаки Раҳматулло чораи дигаре ба ҷуз аз таҷовуз ва реза-реза кардани ман боқӣ намондааст. Охир ман духтарам! Маълум мешавад, духтарон ҳамеша гунаҳкоранд…”
Ин навишта, паҳлуҳои дигареро низ ба бор меоварад, ки ин ҳама бовариву эътимод аз куҷост? Чаро аммаи азиз бо ин ҳама овардаҳояш ки далолате ба шоҳид будани ӯро бозгӯ мешаванд, ин ҳаводисро шарҳ медиҳад?
Агар чунин нест пас амма аз куҷо медонад, ин ҳама тафсилотро? Аз ин рӯ мақомоти тафтишотро зарурате пеш меояд, ки дар рафти тафтиш одилонаву ҳамаҷониба баҳо дода мӯйро аз хамир ҷудо намоянд. Зеро гумону тахмин ҳанӯз далели исботшудае нест, ки аз рӯи он ҳадс зад.
Фарзияи дигаре пас аз хондани нигоштаи амма ба зеҳн мехӯрад, ки ӯ шоҳиди ин ҳодиса буда, вале бо кадом сабабҳое онро нагуфтааст. Аммо пас аз хуруҷи дарду ғам забон ба ифшояш кушодааст. Зеро борҳо шудааст, ки ашхосеро бегуноҳ туҳмат зада, пасон эҳсоси пӯшаймонӣ кардаем.
Вале, бисёр мехостем, ки ин нигоштаи амма холисонаву одилона буда, як кӯмаке барои мақомот карда тавониста бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ