Ноболиғи ҷавоҳирдузд дастгир шуд
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини кўчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда рўзи 18-уми августи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 35-солаи сокини кўчаи Н.Махсум гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 18000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ