Нодиё Анҷуман — Афғонистон

                          Духтари афғон

Нест шавқе, ки забон боз кунам, аз чи бихонам?

Ман ки манфури замонам чи бихонам, чи нахонам.

Чи бигӯям сухан аз шаҳд, ки заҳр аст ба комам

Вой аз мушти ситамгар, ки бикӯбида даҳонам

Нест ғамхори маро дар ҳама дунё, ки бинозам

Чи бигирям, чи бихандам, чи бимирам, чи бимонам.

Ману ин кунҷи асорат, ғами нокомию ҳасрат

Ки абас зодааму меҳр бибояд ба даҳонам.

Донам эй дил, ки баҳорон буваду мавсими ишрат

Мани парбаста чи созам, ки паридан натавонам

Гарчӣ дерест хамӯшам, наравад нағма зиёдам

З-он ки ҳар лаҳза ба наҷво сухан аз дил бираҳонам

Ёди он рӯзи гиромӣ, ки қафасро бишикофам

Сар бурун орам аз ин узлату мастона бихонам

Ман на он беди заифам, ки зи ҳар бод биларзам

Духти афғонаму барҷост, ки доим ба фиғонам.

نادیا انجمن- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *