Роҳила Ёр — Афғонистон

                        Эй тақдири ман!

Оташе афтода имшаб дар дили дилгири ман,

Гарм мерезад ба рӯям ашки бетаъсири ман.

Эй дили озода! Занҷирии савдои ишқ!

Шуъла будам, об гаштам, то шудӣ даргири ман.

Ишқ меҷӯшад ба рагҳои танам бо саркашӣ,

Об месозад дили сарҳалқаи занҷири ман.

Ҳар қадар оташ ба каф дорӣ бизан бар синаам,

Эй муҳаббат! Эй расули ишқ! Эй тақдири ман!

Шиква беҷо мекунад табъи суханносанҷи дил,

То абад бояд бисӯзад қомати тасвири ман…

***

                             Ашки лоҷвард

Қосиди сабзи баҳорӣ барги зардат оварад,

Ғунча то лаб мекушояд бӯи дардат оварад.

Арғувон имсол дар чашми тарам бо ҷилва нав,

Лахтаи хуни дилу рухсори зардат оварад.

Ошиқӣ ранги дигар дорад ба чашми шеърам имшаб

Миҷмари доғи баҳорӣ оҳи сардат оварад.

Раъд дар гӯшам паёми дилхароше мерасонад,

Носазову арши номардӣ мардат оварад.

Вақте дарё дар талотум мешавад бо пораабре

Ёди чашму ашкҳои лоҷвардат оварад.

Наъраи амвоҷи фарёди туро монад, вале шаб

Ҳукми такфири туву аҳкоми тардат оварад.

Мепарам аз хоб медонам, ки боди бемурувват,

Баргаи эъдому асноди набардат оварад.

То ту мехоҳӣ суруди сабзи озодӣ бихонӣ,

Бод бо худ устухони гард-гардат оварад.

***

Так-таки борон маро аз хона берун медавонад,

Эй мардум! Орзуи фард фардат оварад…

***

                                  Борон

Ишқро бо оби чашму шираи ҷон менависам,

Зери борон менишинам, зери борон менависам.

Маслиҳат дар ошиқиро аз дили дарё биҷӯям,

Ҷилваи маъсумиятро аз ғизолон менависам.

Лойи авроқи гуле бо рангу ашки арғувонӣ,

Ноларо оҳиста бо паргори мижгон менависам.

Номаро бо оби ангурӣ таҳорат медиҳам ман,

Нусхаи мушкилкушои радди ҳиҷрон менависам.

Оқибат як рӯз на як рӯз бо ту менишинам,

Рӯзро то шаб бароят шеърборон менависам.

Хӯшаи гандум меорам пеши рӯят мегузорам,

Рӯбарӯят менишинам бо ту паймон менависам.

Дар самои ошиқӣ ғарқи тиловат бо нигоҳат,

Бо ту пайванди амиқӣ риштаи ҷон менависам.

Лаҳзаи кӯтоҳ дастатро ба дастам мегузорам,

Аз хутути дастҳоят шеъри имон менависам.

Нест парвоям ба дил аз таънаи беҷои мардум,

Ончӣ дар дидор бинам пеши ёрон менависам.

Атри оғӯшат набӯям, чораи васлат наҷӯям,

Лек чашмони туро то сатри поён менависам.

***

Ошиқӣ айбе надорад, лек баҳри хотири ту,

Ҷои номатро ду.. (нуқта) ё баҳорон менависам.

راحله یار — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *