Нохушӣ дар Восеъ, Ваҳдат ва Шаҳринав. Хабари марги се ноболиғ дар пайи ғарқшавӣ (аудио)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз се ҳолати фавт дар пайи ғарқшавӣ хабар дод, ки аз ин се ду нафарашон 14-сола буда ва яке ҳамагӣ 2 сол доштааст.
Бино ба иттилои манбаъ, шумораи дар об ғарқ шудани ноболиғон ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз ҳудудан 30 нафар ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд.
Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як сокини 14-солаи деҳаи Хоҷамуъмини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа ғарқ шудааст. Манбаъ мегӯяд, ки ин ҳавзро сокинон барои обхӯрии ҳайвоноти хонагии худ сохта будаанд. Сокинон ҷасади ноболиғро аз об берун оварда, ба волидонаш супурданд. Сабаби фоҷеа беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст.
Дар бораи дар об ғарқ шудани як сокини 14-солаи деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав дар канали калони Ҳисор низ гузориш дода мешавад. Подабони деҳаи Ҷанбули ҷамоати деҳоти Чуст ҷасади ӯро дар соҳили канал дидаву ба мақомот хабар додааст.
Дар об ғарқ шудани Марями дусола, сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Бӯронови шаҳри Ваҳдат хабари дигари такондиҳанда буд. Ин духтараки дусола аз беэҳтиётӣ дар канали назди манзили истиқоматиашон дар об сарозер шудааст.
Дар пайи ин хабарҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар ба сокинони кишвар муроҷиат кардааст, то фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ