Ноиби Маҳмуд Аҳмадинажод ба 15 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи Эрон Ҳамид Бақоӣ- ноиби раиси ҷумҳур дар аҳди Маҳмуд Аҳмадинажодро рӯзи 13 март баъди эълони ҳукумаш бо ҷурми ришваситонӣ зиндонӣ кард. Дар ин бора матуботи Эрон хабар дод.

Хабаргузории «Форс» аз қавли додстонии Теҳрон гуфт, ки афсарон Ҳамид Бақоиро боздошт карданд ва ба зиндон интиқол доданд. Бақоӣ моҳи декабр ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамид Бақоӣ, ки аз соли 2011 то 2013, дар аҳди президенти пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинаҷод, дар мақоми ноиби раиси ҷумҳур фаъолият мекард, соли 2015 бо иттиҳоми фасодкорӣ барои муддати кӯтоҳ боздошт шуд.

Шӯрои Нигаҳбон- як сохтори қудратманди Эрон аз иштироки Бақоӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳур ҷилавгирӣ кард ва ӯ барои чанд ҳафта дар моҳи июл зиндонӣ шуд.

Таъқиби додгоҳии Ҳамид Бақоӣ дар пасманзари таниши лафзии байни Маҳмуд Аҳмадинаҷод ва раиси идораи нерӯманди адлия Содиқ Амоли Лориҷонӣ ҷараён гиирифт, ки президенти собиқ ӯро ба диктотурӣ ва бекифоятӣ муттаҳам кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *