30 рӯз бе сабтином дар Қазоқистон

Тоҷикистону Қазоқистон созишномаеро имзо карданд, ки ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ медиҳад, дар қаламрави якдигар бидуни сабтином (регистратсия) 30 рӯз ва бо сабтином се моҳ ҳузур дошта бошанд.

Дар гузашта муҳоҷирони тоҷик ҳақ доштанд, ки бо сабтиноми худ дар ягон хона ё меҳмонхонаву идора як моҳ дар ҳудуди Қазоқистон бимонанд.

Созиши нав рӯзи 14-уми март, дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Остона, ҳосил шуд. Мақомоти Тоҷикистону Қазоқистон рӯзи 14 -уми март дар маҷмуъ 11 санаду созишномаи ҳамкориро имзо гузоштанд. Яке дигар аз созишномаҳои имзошуда дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон дар мавриди «реадмиссия» ё табодули зиндониён аст.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи чаҳоршанбе, як рӯз пеш аз музокироти раҳбарони Осиёи Марказӣ ба Остона рафт ва бо ҳамтои қазоқистониаш, дарозумртарин раҳбари Осиёи Марказӣ Нурсултон Назарбоев мулоқот кард. Сафари расмии оқои Раҳмон бо гирифтани ордени давлатии «Фаросат» шуруъ шуд.

Робитаҳои дипломатии Қазоқистону Тоҷикистон аз 7 январи соли 1993 оғоз шуда буд. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Қазоқистон моҳи июни соли 1993 ифтитоҳ шуда, намояндагии Қазоқистон дар сатҳи сафорати расмӣ дар Душанбе аз моҳи апрели соли 1998 ба кор шурӯъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *