Нолаи модар аз дасти фарзанди беинсоф (Видео)

Дар як видео дар Интернет як зани кӯҳансоли тоҷик бо як садои пуралам ва гиряолуд дар бораи беинсофиву бемеҳрии фарзандаш тарона мехонад:

Бачама бге, инсофша Худо бигира,

Як бор намедароя, косаи очаша хабар бигира.

Дар косаи очаш горохшӯрбояй,

Дар косаи бачаш ки хомшӯрбояй…

Дар фарҳанги мардуми тоҷик эҳтироми падару модар ва нигоҳу бини волидон дар айёми пириашон як суннати фавқулодда муҳим ба шумор меравад ва ҳатто байте ҳам ҳаст, ки мегӯяд:

Ҷаннат ки ризои мо дар он аст,

Андар зери пои модарон аст.

Аммо тағйироти сохти зиндагӣ, муҳоҷират ва мушкилоти рӯзгор боиси аз ин суннат як андоза дур рафтани бархе аз фарзандон шудааст.

Дар як видео, ки Саид-Амин Муҳоҷиров нашр кардааст, як модари кӯҳансоли тоҷик аз беинсофии фарзандаш, ки дур не, дар ҳамсоягии модараш зиндагӣ мекунаду аммо аз аҳволи ӯ хабаре намегирад, бо як садои пур аз алам ва гиряолуд тарона мехонад:

Бачама бге, инсофша Худо бигира,

Як бор намедароя, косаи очаша хабар бигира.

Дар косаи очаш горохшӯрбояй,

Дар косаи бачаш ки хомшӯрбояй.

Кошки хонай бачам намешид дар назарум,

То дида намедид, намесӯхт ҷигарум.

Ҳар вақт ба сӯи сеткаҳои пуруш менигарум,

Ов ай ду дидам мерезаву хун аз ҷигарум.

Эй бачаи ҷон, ман на ховум, на бедорум,

Дар касалӣ задам, бача, ки ғамбеморум.

Дарвозам баланд, шамоли вай салқинай,

Бачам нестай, дилаки ман ғамгинай.

Бачам нестай, дилаки ман ғамгинай.

Ин тақдири пешонаи оча ҳаминай.

Ман омадуме, гуфтем, бачама бинум, меравум,

Ма розҳои дилма ба бачам мегӯм, меравум.

Розҳои дилум ҳама гулҳой шаҳобай,

Сӯхтай дили очат, бача, ранги кабобай.

Кафтараки сафедаки гардан гули хор,

Гоҳ қатраи боронӣ, бача, гоҳ авҷи баҳор,

Ин дилаки омадан надорӣ, бачаи зор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *