Нолаи зори модар аз ҷабри писар

Ман модарам, модари 42- сола. Бо як фарзанд аз шавҳарам ҷудо шуда, бо сад азоб чанд сол дар як завод кор кардам. Барои хизмати содиқона ба ман аз ҳисоби корхона хона ҷудо карданд.

Худоро шукр гуфтам, ки аз ҷангу ҷанҷоли янгаҳо халос мешавам ва писарамро гирифта бо кӯчу бандам ба шаҳр омадам. Хонаам якҳуҷрагӣ бошад ҳам, касе дар ин ҷо нони мехӯрдаамро дар танам заҳр намекард. Субҳи содиқ писарамро ба мактаб гусел карда, бегоҳ хаставу лакот ба хона бармегаштам. Намедонам аз сабаби серкорӣ ба тарбияи фарзандам чандон диққат дода натавонистам ё аз азал Худованд тақдирамро чунин талх навишта будааст, ки писарам бо бачаҳои авбош ҷӯра шуда, оҳиста-оҳиста аз кӯчаи одамгарӣ баромад. Рӯзе набуд, ки  муаллимон маро ба мактаб даъват карда, аз беадабиҳои писарам шикоят накунанд. Ӯро насиҳат  карда пеши роҳашро гирифтан мехостам, вале ба гапам гӯш надода мегуфт, ки ман мисли дигарҳо ота ё ака надорам, ки пуштибонам шаванд, он авбошҳо дар ҳама ҷо аз пасам мехезанд ва маро аз бачаҳои муштзӯр ҳимоя мекунанд…

Рафтори писарамро дида ҷигарам хун мешудам ва шабҳоро бо гиря саҳар гиря карда, Худоро зорӣ менамудам, ки ба фарзанди ман инсоф диҳад, аммо….

Ба ҷойи одам шудан писарам торафт хар мешуд. Дере нагузашта арӯсбозиро сар кард. Пулҳои бо хуни ҷигар кор кардаи маро гоҳ бо зӯрию гоҳ бо зорӣ кашида гирифта аз дар мебаромаду шабҳоро бо духтарҳои бероҳа дар дискотека саҳар карда, ҳамеша масту махмур ба хона меомад. Дидам, ки ба хубӣ одам намешавад, хостам ӯро бо роҳи дигар ҷазо диҳам. Бо ҳамин мақсад гуфтам, ки дигар ба умеди пули ман нашуда, роҳашро дар зиндагӣ ёбад, чунки ман пир шудаам ва дигар аз уҳдаи таъмин кардани зиндагӣ намебароям. Писарам чанд вақт азоби бепулӣ кашида, маҷбур шуд, ки дар як тарабхона ба сифати пешхизмат ба кор дарояд. Акнун кам-кам ба хона майда-чӯйда меовард. Хурсанд шудам, ки ақлаш ба сараш задааст ва акнун аз паси зиндагӣ мешавад, аммо хаёлам хом баромад.

Бемор шуда, дигар ҳатто аз ҷоям хеста натавонистам. Аз писарам хоҳиш кардам, ки нон харида биёрад, чунки дигар мадори хамир кардану нон пухтан надорам. “Хез, маслуқатро ҷамъ карда ба кор баро ва худат нонатро ёфта хӯр. Ман пули бесоҳиб надорам, ки ҳар рӯз барои ту нону хӯрок биёрам” гӯён, писарам ба ҷигарам ханҷар зада, баромада рафт. Як ҳафтаи дароз мани бемор дар хонаи сард тани танҳо хобидам. Касе дарро ба рӯям кушода намепурсид, ки ҳой занак, ту зиндаӣ ё мурда. Пас аз як ҳафта ба қавле мурдаамро кашолакунон ба ҷойи кораш рафтам. Писарам аз китфам гирифта, маро аз дари тарабхона берун бароварду гуфт: “Оча, ту бо ҳамин афти чиркинат ба ҷои кори ман омадӣ?! Аз афти хунуки ту дар пеши ҳамкоронам шарм доштам. Рав, тезтар аз ин ҷо рав, дигар афту башараи туро набинам!”

Гиря карда гуфтам, ки ман барои пул наомадаам, туро ёд кардам, вале писарам ба гапам гӯш надода, рӯяшро гардонда рафт.

Як моҳ шуд, ки писарамро надидаам. Ҷойи хобаш тарабхона аст, пули ёфтаашро бошад, танҳо ба ҷӯраю арӯсҳои таннозаш сарф мекунад.

Хонандагони азиз, илтимос, ба мани бачадори бе бача маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки писарам ба хона баргашта одам шавад?

Оиша, модари ҷигархун

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *