Зиндонӣ мехро хӯрд

Дар Интернет изҳороти видеоии одамоне нашр шуд, ки мегӯянд, «шоҳиди шиканҷа, латтукӯб ва ҳатто куштори зиндониҳо»-и Қазоқистон буданд.

Наздикони Озод Сатишев, ки дар шаҳри Сариағаш 11 сол зиндонӣ шудааст, мегӯянд, «зиндонӣ бо нишони эътироз як мех фурӯ бурдааст, то аз латту кӯб наҷот ёбад». Наздикони Сатишев, ки бори охир миёнаҳои моҳи ҷорӣ бо ӯ мулоқот кардаанд, аз саломатии вай нигаронанд.

«Ману хоҳараш ба дидорбиниаш рафтем. Вай ба хотири он ки аз шиканҷа халос шавад, мех фурӯ бурдааст. Ӯро мезананд. Лоғар шудааст. Тамоми баданаш сиёҳ аст. Акнун мехоҳанд ӯро ба зиндони низомаш сахттар интиқол диҳанд. Агар ӯро интиқол диҳанд, мумкин аст, вай аз зиндон зинда берун наояд», — мегӯяд ҳамсари Озод Сатишев.

Ба гуфтаи наздикони Озод, мехро то замоне, ки ӯро ба зиндони дигар интиқол надиҳанд, аз меъдааш берун нахоҳанд овард.

Наздикони зиндониҳо хабар медиҳанд, ки шикоятҳои маҳбусон дар робита ба шиканҷа шуданашон бе натиҷа мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *