Ном дар харита. Чӣ тавр дар Точикистон “Устодони алоқа”-ро кадрдонӣ мекунанд?
Унвони фахрии “Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” далели дастовардҳои барҷастаи касбӣ ва эътирофи саҳм дар рушди тамоми соҳаи алоқа мебошад. Боиси тааҷҷуб нест, ширкатҳое, ки дар онҳо устодон кор мекунанд, бо онҳо фахр мекунанд ва дастовардҳояшонро ба таври худ қадрдонӣ менамоянд. Ҳамин тариқ, МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии бузурги худро ба номи «Устодони алоқа»-и худ номгузорӣ мекунад. Дар шабакаи оператор аллакай 14 ПБ-и номӣ мавҷуд ҳастанд, ки чортои онҳо дар харитаҳои алоқачиён соли гузашта пайдо шуда буданд. Назорати кори пойгоҳи “худ”, ки одатан дар минтақаи дурдасти кӯҳӣ воқеъ аст, кори масъулиятнок ва вазифаи фахрӣ мебошад. «Устоди алоқа» будан боз чӣ маъно дорад? Дар ин бора кормандони ширкат, ки унвони олии касбиро соҳиб шуданд, нақл мекунанд.
Асрор ҲАФИЗОВ, муҳандиси калони хадамоти рушди шабакаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”:
— Барои ман “Устоди алоқа” будан маънои шод кардани мардумро дорад. Вақте ки муштариёни мо аз сифати алоқа қаноатманданд, ман аз кори худ қаноатманд мешавам. Албатта, гирифтани чунин унвон шарафи бузург аст, лекин ҳамзамон ин масъулияти бузургест, ки ман ҳар рӯз ба дӯши худ дорам. Дар дилхоҳ боду ҳаво, дилхоҳ рӯзи ҳафта ва вақти рӯз ман тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳам, то ки сокинони кишвари мо доимо дар алоқа бошанд.
Рафил АГЛЯМОВ, Директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”:
— «Устоди алоқа» барои ман пеш аз хама корманди касбист. Мо дар соҳаи технологияҳои баланд кор мекунем, ки талаботаш низ баланд аст. Технологияҳо мунтазам инкишоф меёбанд ва барои ақиб намондан моро зарур аст, ки сатҳи зарурии салоҳиятҳоро доро бошем. Ва «Устоди алоқа» бояд ба хамкасбонаш намунаи ибрат шуда, ба онҳо рохбарй кунад, яъне ӯ бояд хислатхои мураббиро низ дошта бошад, то донишу таҷрибаро ба наслҳои нави алоқачиён супорида тавонад. Дар баробари ин, таҷрибаи бисёрсола худ аз худ ҳуқуқи “Устод” номида шуданро намедиҳад. Муҳим аст, ки таҷрибаи мутахассис самаранок бошад: нақши ҳалкунандаро таърихи дастовардҳои ӯ, дастовардҳои дастаи ӯ ва дар маҷмӯъ ширкат хоҳанд бозид. “Устоди алоқа” будан ифтихор аст, лекин унвони мазкур масъулияти хеле калон – масъулияти ба пешравӣ ноил кардани ширкат ва тамоми соҳаро дар назар дорад.
Фирдавс ИЛЁСОВ, роҳбари шуъбаи назорати техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”:
— Устод будан барои ман маънои таҷрибаи бузург, донишҳои зиёд доштан ва дар амал татбиқ кардани онҳо, донистани роҳҳои ҳалли ҳама гуна мушкилотро дорад. Касби худро дӯст доштан, аз он баҳра бурдан ва пайваста дар ҷустуҷӯи роҳҳои боз ҳам беҳтар кардани кори худ будан, донишу малакаи худро такмил додан, таҷрибаи худро ба дигарон расонидан, ба ҳамкорон дар роҳи касбиашон кӯмак намудан, бо шавқу завқи худ дигаронро рӯҳбаланд кардан – ин ҳама хислатҳои устодон аст. Чӣ тавр метавон метавон устод шуд? Кореро интихоб кунед, ки дӯсташ медоред, бо ҷидду ҷаҳд меҳнат кунед ва пайваста омӯзед. Аз анҷом додани корҳои нав ва хато кардан натарсед. Дар роҳи пешакардаатон устувор бошед ва ҳаргиз ақиб нагардед. Устод шудан роҳи тӯлонист, вале натиҷааш арзанда аст.
Ҷамшед БОБОАЛИЕВ, директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”:
— “Устоди алоқа” дар соҳаи мо ҷоизаи олӣ ва эътироф дар сатҳи давлатӣ аст. Яъне, ҳар касе, ки соҳиби чунин ҷоиза мешавад, дар рушди соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон саҳми бориз гузоштааст. Барои ман “Устоди алоқа” будан маънои рабт доштан ба натиҷаҳои баландтарин ва дигаргуниҳои мусбат дар соҳаи телекоммуникатсия ва муҳимтар аз ҳама ба мардум фоида оварданро дорад. Ин барои ширкат, соҳаи алоқа ва тамоми кишвар ифтихори бузург аст!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ