Нома ба Қодирзода
Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саъдӣ Қодирзода
Ба Хадамоти зиддиинҳисории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам Саъдӣ Қодирзода,
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба Шумо ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд муроҷиат менамоем.
Мо чунин меҳисобем, ки Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” аз 04 марти соли 2019, таҳти № 31 (минбаъд Фармоиш) ба як қатор қонунвайрокуниҳо дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, муроҷиати шаҳрвандон, алоқаи барқӣ, ҳимояи рақобат роҳ кушода, ҳамзамон дар риояи талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, алалхусус ҳадафи аввал «баромадан аз бунбастикоммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзити коммуникатсионии минтақа»ва ҳадафи чорум «саноатикунонии мамлакат» монеаҳо бунёд мекунад.
Мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии мо ҳамчун давлати соҳибихтиёри ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демокративу дунявӣ бароиҳар як инсон фароҳам оварданишароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад. Баланд бардоштани нархи дастрасӣ ба интернет ба як қатор соҳаҳои ҳаёти шаҳрвандон маҳдудият оварда, «фароҳам оварданишароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодна»-ро барои давлат мушкил мегардонад. Маҳз ба хотири бунёди чунин шароит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 санадҳои муҳими давлатӣ қабулгардидаанд, ки ҳадафи асосиашон татбиқи иқтидори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ(минбаъд ТИК) баҳри рушди кишвар мебошад. Чанде аз ин санадҳо, аз ҷумла Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотиюкоммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотиюкоммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ин асноди муҳим чор ташкилкунандаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин муайян кардаанд: «….. ташкилкунандаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот — аз риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи дастрасӣ ба иттилоот ваистифодаи он, таъмини тозагии маънавии ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани арзишҳоиахлоқии ҷамъият, анъанаҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, иқтидори маданӣ ва илмии мамлакат иборат аст», «…. ташкилкунандаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотҳимояи захираҳои иттилоотӣ аз дастрасии беиҷозат, таъминн амнияти системаҳои иттилоотӣ вателекоммуникатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохташуда ва ҳамсохташавандаро дар бар мегирад.» (Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Дар соҳаи маориф ва илм бошад Интернет ва дигар ТИК-и рақамӣ ҳамчун заминаву воситаитаҳсилоти самаранок ва фарогир шинохта шудааст. Дар баробари барномаҳои давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз соли 2003 оғоз гардида, якчанд марҳилаашбо шумули пайвастани онҳо ба шабакаи Интернет татбиқ шудааст, қадами дигари ҷиддии давлатӣдар соҳаи таҳсилоти олӣ ин татбиқи таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун ҷойгузини таҳсилоти ғоибонамебошад. Аллакай муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифода аз ҳамин иқдом қисман ё пурра низомитаҳсилоти фосилавӣ ба роҳ мондаанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шахсониҳавасманди таҳсил дар муассиссаҳои ватанӣ имкони дастрасӣ ба маълумоти олиро новобаста азмакони зисту фаъолият тавассути шабакаи Интернет фароҳам меоваранд. Дастрасии боэътимод баИнтернети арзон кафолати таҳсили ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷииберун аз марзи кишварро таъмин карда метавонад.
Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки расидан ба 4 ҳадафи стратегии Тоҷикистонро бе Интернет таъминкардан амри маҳол аст. Чуноне, ки медонед чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон инҳоянд: Аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ то ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ; Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитии минтақа; Таъмин кардани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;Саноатикунонии кишвар (Таҳлилро метавонед дар замима дастрас намоед);
Соҳаи тандурустӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои терапевтии муолиҷа; Соҳаи меҳнат, муҳоҷират вашуғли аҳолӣ: дастрасӣ ба меҳнат ва шуғлият дар мамлакатҳои дигар; Соҳаи дастрасӣ ба иттилоот: воситаи асосии аллоқа ва дастрасӣ ба иттилоот дар сатҳи ҷаҳонӣ; Соҳаи иқтисодӣ: Дар ҳолиҷаҳонишавии иқтисоди бозаргонӣ, замоне ки ТИК сарҳадҳоро аз миён мебардорад, ҳар тасмиминодуруст метавонад иқтисоди кишварро аз ҳиссаи худаш дар бозор ба фоидаи кишварҳои дигар ёдигар ширкатҳои байналмилалӣ маҳрум намояд.
Соҳаи дастрасӣ ба иттилоот ва озодии баён: Интернет ба шахсони алоҳида имконияти амалӣнамудани озодии баён дода, ҳамин тавр ҳуқуқи шахсиро барои озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла ҳангоми муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти идоракуқнии давлатӣ ва дигармақомоти иҷроия, судӣ ва ҳокимияти қонунгузор, ҳимоя менамояд.
Дастрасии озод ба Интернет дар маърузаи намояндаи махсуси СММ- Франк Ла РЮ (Эъломияи СММ аз 03 июни соли 2011) ба яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон баробар дониста шудааст. Ба ақидаимуаллифи маъруза, Итернет дар асри XXI ба яке аз абзорҳои қавитарини татбиқи ҳуқуқи инсон ватаъмини шаффофияти ҳокимияти давлатӣ табдил ёфт: «Дар роҳи иттилот дар Интернет боядмонеаҳо ҳар қадар ки имкон ҳаст, камтар бошанд, ба ғайр аз ҳолатҳои ҷудогона, истисноӣ ва муайянимахсус, мутобиқ бо конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон”[.
Мо чунин меҳисобем, ки боло бурдани тарофаи нархи интернет, бо назардошти вазъи иҷтимоӣ васатҳи даромади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисто, боиси маҳдуд шудани ҳуқуқҳои асосии инсон мегардад
Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Иттиҳоди кишварҳои мустақил оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣв Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аст. Дар моддаи 11 – конвенсияи мазкур, моддаи 19- Паймон вамоддаи 19 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадаст: » Ҳар кас ҳуқуқи озодии эътиқод ва ҳуқуқи баёни онро дорад; ин ҳуқуқ аз бе мамонияти нигоҳ доштани эътиқод, озодона ҷустан, гирифтан ва паҳн намуданимаълумот ва ғояҳо ба ҳарвоситае, ки бошад ва сарфи назар аз сарҳадҳои давлатӣ иборат аст”. Ҳаминтавр, мо уҳдадориҳо барои иҷрои меъёрҳои муоҳидпаҳои байналмилалӣ қабул намудаем.
Дар Мулоҳизаҳои тартиби умумӣ таҳти рақами № 34, моддаи 19: озодии андеша ва баёни он, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқ дар нишасти 102-аш (Женева, 11-29 июли соли 2011) қайд намуда, ки ба қолаби баёни андеша ва дастрасӣ баиттилоот, ҳамаи воситаҳои баён: элетронӣ, аудиовизуалӣ ва бо фанновариҳои Интернет асосёфта, дохил мешаванд.
Бо ноил гаштан ба узвияти Созмони ҷаҳониисавдо (СҶС) моҳи марти 2013 Тоҷикиcтон уҳдадориҳоеро ба дӯши худ гирифт, ки ба соҳаи телекоммуникатсия таъсири мустақим доранд ваиҷрои онҳо мавқеи бозори ватаниро дар минтақаву ҷаҳон мустаҳкам гардонида метавонанд. Масалан, созишномаи умумӣ дар бораи тиҷорат дар хизматрасониҳо(СУТХ/GATS) яке аз талаботи СҶС мебошад, ки ҳадафаш мусоидат намудан ба савдои озод дар хизматрасониҳо мебошад.
Нигаронии мо ҳамчуниниборат аз он аст, ки татбиқи бандҳои ҳамин тасмим бар хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Ҳукумати Тоҷикистон буда, ба манфиати Тоҷикистону бозори телекоммуникатсионии он дар шароити узвияти кишвар ба Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) таъсириманфӣ мерасонад.
Дар баробари поймол гаштани меъёрҳои байналмилалӣ, ҳамчунин, талаботи як қатор меъёрҳои қонунгузории миллӣ дағалона вайрон мегарданд, аз ҷумла талаботи бобҳои 26-28, моддаҳои 456 — 803 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 15 и 21, 22 Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», моддаҳои 4 ва 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дарбораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», моддаҳои 3, 6 ва 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ”, банди 5 Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои фароҳамоварии хизматрасонии Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пешбурди Портали интернетии (бандҳои 2 ва 3) ва ғ.
Хадамоти зидди инҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба қонунгузорииамалкунандаи ҷқмҳурӣ ихтилоф дорад, балки ҳамчунин ба рушди ТИК дар мамлакат таъсир мерасонад ва ҳамзамон тиҷоратро коҳиш медиҳад ва маҷзубияти сармоягузорӣ дар кишварро бадмекунад.
Бо назардошти пешгуиҳои боло метавон ҳадс зад, ки бозориТИК самти худро дигаргун мекунад вакишварҳое, ки аз фанновариҳо қафо мемонанд сол то сол ҳиссаи бозорашонро аз даст медиҳанд. Бо ҷаҳонишавии бозор дар 10 соли оянда на ширкатҳо дар дохили кишвар бо ҳам рақобат мекунанд, балки рақобат дар сатҳи кишварҳо дар бозори ҷаҳони барои ҳар як тини корбар, сарфи назар азмакони корбар ва провайдери хидматрасон, сурат мегирад. Кумитаи зиддинҳисорӣ бо доданиафзалият танҳо ба яке аз ширкатҳо рушди бозори телекоммукатсиони ва чун натиҷа кулии иқтисодикишварро зери хатар мегузорад
Дар баланд бардоштани соҳаи иҷтимоӣ ва ҳаёту зидагии мардум, ҳамчун шароитҳои инкишоф дар Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда шудаанд, таъсири номусоиди худро мегузорад.
Бинобар суханони дар боло зикршуда, тибқи талаботи моддаи моддаҳои 7, 8, 10, 13, 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои риояи принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардўстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс ва рушди соҳаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот – кафолати давлатии шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, таъмин намуда, Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” аз 04 марти соли 2019, таҳти № 31 қабул шударо бекор намоед.
Бо истифода аз фурсати муносиб, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳтироми худро ба Шумо изҳорнамуда ба ҳамкориҳои судманди минбаъда умедвор мебошем.
Ба сифати шахсонии масъул дар мукотибот аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунад:
1. ТҶ «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», Сарвари иҷроия М.Ибодуллоев,
2. ТҶ «Маркази технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ” Сарвари иҷроия Талат Нумонов, (ҷ.м.)
3.ТҶ «Ассотсиатсияи опператорҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон”, Роҳбар Ғафур Иркаев,
4.ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, Сарвари иҷроия Ш. Давлатова
5. ТҶ «Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” Сарвари иҷроия Н. Қаршибоев,
6.ТҶ «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон” Сарвари иҷроия Илҳом Абидов,
7. ТҶ «Имкониятҳои баробар», Сарвари иҷроия Фариштамоҳ Гулова,
8. ТҶ «Баробарӣ”, Сарвари иҷроия Меҳрангез Ҷабборова,
9. Анҷумани соҳибкорони хурду миёна, Роҳбар Матлуба Улҷабоева,
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар бораи натиҷаи баррасии муроҷиатамон бо тариқихаттӣ огоҳ намоед.
Бо камоли эҳтиром намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коргузорон, мутахассион вашаҳрвандене ки бетараф нестанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ