НОМАИ САРКУШОДАИ МАРЯМ ПЕТРОНИН БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ФАРОНСА

(Хонуми навмусалмоне, ки баъд аз чаҳор сол асорат дар кишвари Малӣ ба Фаронса баргаштааст)

Оқои Макрон!

Дуруд бар касе, ки аз роҳи рост пайравӣ мекунад.

Аммо баъд… Ман дарёфтам, ки шумо дар ҳайрат ва шок ба сар мебаред, ки чӣ гуна ман-София Петронин (Sophie Pétronin) як зани фаронсавӣ, бо нажоди сафед, насронии католик, пас аз 75 сол насронӣ будан, дар муддати чаҳор сол асорат миёни мусалмонон ба дини Ислом гаравидаам. Бигзоред ҳама чизро барои шумо шарҳ диҳам.

Оқои Макрон!

Бале ман асири мусалмонон дар кишвари фақири Малӣ будам, аммо онҳо ҳеч вақт бо ман бо бадӣ рафтор накарданд. Рафтори онҳо бо ман бо ниҳояти эҳтиром буд. Онҳо ба ман хӯрок ва нӯшиданӣ пешниҳод мекарданд, бо вуҷуди камбуди ғизо, ки доштанд, онҳо ба ҳарими хусусии ман эҳтиром мегузоштанд. Ҳеч кадом аз онҳо маро мавриди озору шиканҷаи каломӣ ва ҷисмӣ қарор надод. Ҳеч гуна тавҳине ба дини ман, ба ҳазрати Исои Масеҳ (алайҳиссалом) ва ё ҳазрати Марям (саломуллоҳ алайҳо) накарданд, он гуна ки шумо бо Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) анҷом медиҳед.

Онҳо Исломро ба ман таҳмил накарданд, ман онро дар ахлоқ ва рафторҳои рӯзмарраи онҳо аз тариқи содагӣ, садоқат ва раҳмат медидам. Афроде, ки худро бо об пок мекунанд, панҷ намози рӯзонаро ба даргоҳи Худованд мехонанд, моҳи Рамазонро рӯза мегиранд, воҷиботро анҷом медиҳанд ва ахлоқи хубро алорағми гуруснагӣ, камбағалӣ ва надоштани асоситарин ниёзҳои зиндагии одӣ, густариш медиҳанд, аммо бо рӯҳи поки худ бар мушкилот ғалаба мекунанд.

Оқои Макрон!

Мусалмонон дар кишвари Малӣ фақир ҳастанд, бале… Кишвари онҳо фақир аст, он ҷо бурҷи Эфел, музейи Лувр ва қасри Версай вуҷуд надорад ва онҳо атрҳои фаронсавӣ ва моделҳои пешрафтаи моро намедонанд, аммо онҳо дорои покизатарин баданҳо, поктарин қалбҳо ва дурахшонтарин рӯҳҳо ҳастанд.

Бале, онҳо ресторанҳои ороста ва мошинҳои лукс надоранд, дар биноҳои баланд зиндагӣ намекунанд ва дар толорҳои рақс худро намоиш намедиҳанд, аммо орзуҳои онҳо болотар аз абрҳост, имонашон нисбат ба кӯҳҳо муҳкамтар аст ва рӯҳи онҳо барои камол талош мекунад.

Оқои Макрон!

Оё дар зиндагии худ боре тиловати Қуръонро шунидаед?

Онҳо дар намозҳои худ рӯзу шаб ва дар ҳар замону дар ҳар фурсате Қуръон мехонанд. Чӣ зебост қироати Қуръон, ҳатто агарчи намефаҳмӣ ки онҳо чӣ мехонанд. Вақте гӯш медиҳед, бадани шумо ба ларза меафтад ва қироати онҳо ба қаъри вуҷуди шумо нуфуз мекунад, чунки онҳо Қуръонро дар зеҳни худ ҳифз мекунанд…
Сипас бо замири нохудогоҳи худ мутаваҷҷеҳ мешавед, ки ин сухани инсон нест, балки каломи осмонӣ аст, ки аз осмон ба замин нозил шуда ва шумо дар даруни худ майли зиёде пайдо мекунед, ки бидонед маънои он чиро ки онҳо дар рӯзу шаб аз ин каломи осмонӣ мехонанд, ки ҷолибтар аз он вуҷуд надорад.

Оқои Макрон!

Оё шумо дар зиндагии худ як саҷда ба даргоҳи Худои Ягона кардаед ва пешонии худро ба замин гузоштаед ва бо Парвардигори Бахшандаву Меҳрубон дар бораи нигарониҳо ва умедҳои худ наҷво карда, аз ӯ ба хотири неъматҳояш ташаккур кардаед?

Оё то кунун эҳсоси наздикии Худо бо худ ва наздикии худ бо Ӯро таҷриба кардаед, то ҷое, ки гӯё Худо бо шумо бошад ва шумо бо Ӯ бошед ?

Ин ҳамон коре аст, ки мусалмонони сода ва фақир ҳамеша анҷом медиҳанд. Ба ин сарвати онҳо нигоҳ кунед ва камбағалии худро дарёбед.

Оқои Макрон!

Занони кишвари Малӣ сиёҳ, монанди ангиштсанганд, аммо қалби онҳо монанди шир сафед аст. Онҳо либосҳои сода ва кушод мепӯшанд, аммо аз назари мардонашон зеботарин ва маҳбубтаринҳо ҳастанд. Онҳо бо мардони бегона намеомезанд ва ҳеч кадом аз онҳо дар набуди шавҳараш мардеро ба хонааш роҳ намедиҳад ва покии худро бо гуноҳ ва бадгумонӣ ва нақси паймон олуда намекунад. Онҳо шароб наменӯшанд, қимор бозӣ намекунанд, зино намекунанд, ҳамҷинсбозӣ намекунанд ва ба хотири сагҳо аз мардони худ ҷудо намешаванд.

Оқои Макрон!

Мусалмонон он ҷо ба ҳамаи паёмбарон, ҳатто ба паёмбари Худо Исои Масеҳ (алайҳиссалом) ва модараш Марями муқаддас, ки номамро ба хотири ишқу эҳтироми зиёде, ки дар қалби онҳо доштанд, ба номи ӯ номгузорӣ кардам, имон доранд. Онҳо Марями муқаддасро монанди Фотима ва Хадиҷа, духтар ва ҳамсари Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам) қарор медиҳанд.

Оқои Макрон!

Мумкин аст аз ман бипурсед: онҳо чӣ гуна Исои Масеҳро бештар аз мо дӯст доранд? Ба хотири он ки кишвари мо хуни камбағалони бегуноҳро ба номи Исои Масеҳ рехт, дар ҳоле ки ӯ аз ин кор мубарро аст. Ва кишвари мо онҳоро ғулом кард ва сарзамини онҳоро вайрон сохт, сарвати онҳоро ғорат намуд ва гузаштаву имрӯзаи онҳоро нобуд кард.

Бо истеъмори ваҳшиёна ва таълиму тарбияти беинсофона мо аз сарвати кишварҳои мусалмон бархӯрдор мешавем. Мо лоиҳаҳои тиҷоратие, ки зидди пешрафту тараққиёт мебошад, ба онҳо таҳмил мекунем. Мо миёни онҳо фитна эҷод мекунем ва онро густариш медиҳем. Сипас ба онҳо силоҳҳои кушанда мефурӯшем, то якдигарро бикушанд. Ва баъд онҳоро мудом террорист меномем, дар ҳоле, ки дарвоқеъ, мо террорист ҳастем, на онҳо.

Аммо онҳо бо ман ва дигар гаравгонҳо бо ахлоқи Исои Масеҳ бархӯрд карданд, ҳамон ахлоқе, ки мо пештар онро дар Китоби Муқаддас (Инҷил) мехондем ва дар калисоҳо меомӯхтем, вале дар амал, дар рӯйи замин камтарини онро ба кор мебурдем.

Оқои Макрон!

Ман намехостам Исломи худро дар кишвари азизи Малӣ эълон кунам, то мабодо бигӯянд, ки зери шамшер ба Ислом гаравидаам. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки ҳар вақте баргардам, дар сарзамини ватанам Фаронса, ҳангоми озод буданам, он гоҳ мусалмонии худро эълон намоям, то паёми Исломро ба миллионҳо фаронсавӣ ва урупоӣ, қатъи назар аз насронӣ ё мулҳид, ба таври куллӣ бирасонам.

Оқои Макрон!

Ин дини Ислом аст, ки шумо шабу рӯз бо он мубориза мебаред ва алайҳи он тавтеъа ва дасиса мекунед. Шумо ва дигар сарони ҷаҳони Ғарб ва ниҳодҳои он ба баҳонаи мубориза бо терроризм дар корҳои онҳо мудом дахолат мекунед. Ҳамон терроризме, ки хадамоти махсуси шумо онро эҷод карда ва мехоҳед онро аз Нил то Фурот густариш диҳед, то руъёи бозгашти Исломро аз байн бубаред.
Аммо мехоҳам ба шумо бигӯям, ки Ислом дар вуҷуди ман покӣ ва шукӯҳе эҷод карда ва қалби манро зерурӯ карда ва зеҳну эҳсосоти манро пур кардааст. Ман дигар Фаронсаро нахоҳам дид, бо ҳамаи зебоии пурзарқу барқи он, зеботар аз кишвари фақир, хоксор ва мусибатзадаи Малӣ. Ман тасмим гирифтам дубора ба он ҷо баргардам ва он ҷойро алорағми фақр, содагӣ ва ниёзмандиҳои бунёдиаш, ба унвони сарзамини пурбаракат интихоб намоям. Аммо пас аз даъвати хонавода ва азизонам ба Ислом, дар ин ҷо, дар ватанам Фаронса, дар ин қитъаи ман, дар Аврупо ки бисёр хатарнок аст, ба хотири суқути ваҳшатнок ва фоҷеаборе ки дар оянда пеши рӯ дорад, умедворам, ки онҳоро ҳарчӣ зудтар наҷот диҳам. Ман мехоҳам он шириние, ки худ аз парастиши Худои Ягона чашидам, ба онҳо бибахшам. Ман ба онҳо умед медиҳам, ки мунҷӣ тавассути ҳамаи динҳо ба мо ваъда дода шудааст.

Ва ман ҳамчунин, шуморо низ ба дини Ислом даъват мекунам, ба паёми ин ойини бузург, ки паёми ҳамаи паёмбарон, аз Одам то Нӯҳ ва аз Иброҳим то Мӯсо ва Исои Масеҳ ва саранҷом то сарвари башарият–ҳазрати Муҳамаммад (салавотуллоҳ ва саломуҳу алайҳим аҷмаъин) аст, даъват мекунам. Ман умедворам, ки дар ояндаи наздик, хуршеди Ислом дар ин сайёраи махуф медурахшад ва хушҳолиро дубора оғоз менамояд ва ин бар Худованди азиз душвор нест.

Бар Худо таваккул кардам ва ба сӯйи Ӯ бармегардам. Ва дуруд бар касоне, ки дар сояи Ислом дубора таваллуд шуда, аз ҳидоят пайравӣ мекунанд.


Марям Петронин

R.S. Камина, Қиёмиддин Сатторӣ, матни номаро бо сабки тоҷикӣ каме таҳрир кардам, умед дорам, ки писанди Шумо гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *