МУҲАММАД (С) АЗ ДИДГОҲИ ДОНИШМАНДОНИ ҶАҲОН. Онҳо чӣ назар доранд?

Муҳаммад марде буд, ки аз миёни мардуми бутпараст бо иродаи оҳанин баpхост ва ононро ба ягонапарастӣ даъват кард ва дар дилҳои эшон ҷовидонии рӯҳ ва равонро бикошт. Бинобар ин ӯро на танҳо бояд дар радифи мардони бузург ва барҷастаи таърих шумурд, балки сазовор аст, ки ба паёмбарии ӯ эътироф кунем ва аз дилу ҷон бигӯем, ки ӯ паёмбари Худо будааст.

Карл Маркс

Mан ҳамеша нисбат ба дини Муҳаммад (с) ба воситаи хосияти зинда будани шигифтовараш, ниҳояти эҳтиромро доштаам, ба назари ман ислом танҳо дине аст, ки дорои ончунон хосияте аст, ки метавонад тағйироти гуногунро ба худ ҷазб кунад ва худро бо шаклҳои ҳар аср мутобиқ созад. Ман дар бораи дини ҳазрати Муҳаммад (с) чунин пешбинӣ кардаам, ки дини ӯ барои фардои Аврупо қобили қабул хоҳад буд. Ҳамон тавре, ки дар Аврупо имрӯз ҳам пазириши ин оғоз шудааст. Ман муътакидам, ки агар марде монанди Паёмбари Ислом фармонравоии мутлақи ҷаҳони асри ҷадидро ба даст гирад, чунон тавфиқе дар ҳалли масоили ҷаҳон хоҳад ёфт, ки сулҳу саодатеро ки башар ба шиддат ба он эҳтиёҷ дорад, таъмин хоҳад кард.

Ҷорҷ Бернaрд Шоу

Агар бузургии ҳадаф, камии васоил ва азамати натиҷаро барои як нобиғаи башарӣ миқёс бигирем, дар таърих назире монанди ҳазрати Муҳаммад (с) наметавон ёфт, вай дар арзу тӯли маскунии императориҳо, артишҳо, қавонин, хонадонҳо ва тӯдаҳои азими башариро ба ҳаракат даровард, бештар ва боазаматтар аз он ин аст, ки ақлҳо, андешаҳо, ақидаҳо ва равонҳоро ба ҳаракат даровард.
Ҳеҷ фарде довталабона ё маҷбуран ҳадафе олитар аз ҳадафи Паёмбари Ислом надоштааст, зеро дини Ислом мӯҷиби аз байн бурдани мавҳумпарастӣ гардидааст, ҳамон мавҳумпарастӣ, ки байни Худо ва махлуқаш ба вуҷуд омада буд ва ҳамчунин боиси наздик кардани инсон ба Худо ба тавсияи ақидаи маъқули худопарастӣ мебошад ва дар миёни он ҳама харҷу марҷ ва беназмӣ ва парешонии бутпарастон ва мӯътақидон ба худоёни гуногун, Ислом танҳо фикри мантиқӣ мебошад.

Ҳеҷ паёмбаре натавонистааст монанди Паёмбари Ислом инқилоби ончунон муқаддас ва тӯлониву пураҳамият дар он муддати хеле кам амалӣ намояд, зеро ҳанӯз ду аср аз оғози Паёмбари Ислом нагузашта буд, ки дини ӯ густариш пайдо намуд ва аввал дар се ноҳияи Арабистон ва сипас дар сояи калимаи тавҳид дар соҳилҳои рӯди Сайҳун ва Ҳинди Ғарбӣ, Миср, Ҳабашистон ва тамоми Африқои Шимолӣ ва бештари ҷазираҳои Миёназамин ва қисмате аз хоки Фаронса ва қисмати зиёди сарзамини Испания густариш ёфт.

Алфонс Де Хамартин

Паёмбар дар дунёи Ислом басрати зуҳур ва таҷаллии вуҷуди мутлақ дар зиндагии башар аст. Паёмбар намунаи илоҳӣ ва осмонӣ аст, ки ақл ва иродаи мусалмононро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Мусалмонон Паёмбари Исломро дӯст медоранд ва мекӯшанд аз ӯ дар кӯчактарин ҷузъиёти зиндагии рӯзмарра пайравӣ кунанд. Дар хусуси ақл ҳам бояд гуфт, ки Паёмбари акрам намоёнгари «логос» ё «ақли олӣ» аст.

Ҳангоме ки Исои Масеҳ мегӯяд: «Ҳеҷ инсоне ба назди падар (Худованд) роҳ намеёбад ҷуз ба воситаи ман, ин низ логос аст, ки сухан мегӯяд”. Дар назди насрониён ин калимаи куллӣ тақрибан баробар бо ҳазрати Исои Масеҳ аст. Барои мусалмонон ин калимаи куллӣ ва ваҳёнӣ иборат аз Қуръони маҷид аст, ки ба воситаи Паёмбари Ислом (с) иблоғ шудааст. Муҳаммад (с) вуҷуди мутлақ ба худи ваҳй нест, аммо вуҷуди мутлақ ҳаққан ва таври мутамоиз худашро аз тариқи ӯ мутаҷаллӣ месозад.

Хюстин Смит

Ислом танҳо дине аст, ки ҳар башари шарофатманд метавонад ба доштани он ифтихор варзад… Танҳо дине аст, ки ман дарёфтаам ва борҳо гуфтаам, ки аз сирри хилқат огоҳ аст ва бо рози офариниш ошно ва ҳама ҷо бо тамаддун ҳамроҳ аст, дини Ислом мебошад. Ислом дар оғози кор аз печидагиҳои лоҳутӣ муддатҳо мояи дарди сари масеҳият шуда буд ва саранҷом ҳақиқат онро аз миён бурд. Ислом коҳин надорад, балки гурӯҳи донишманд ва муаллим ва воиз дорад ва рӯҳи рауфату саховат дар он нофиз аст.

Херберт Ҷорҷ Велҷ

Агар дар бораи Паёмбари Ислом як баҳси иҷмолӣ намоем, шахсияте, ки ҳамвора мутафаккир ва дар андеша аст, бо нафсе, ки ботинаш мамлув аз ғаму андӯҳ бошад, дар баробари мо намудор мешавад. Аммо мадорике, ки аз ӯ дар даст аст, шахсеро дар баробари мо меоварад, ки мӯьтакид ба Худои ягона ва зиндагонии ухравӣ аст ва аз сифоти барҷастааш меҳрубони бешоиба, азмирода ва эътиқод аст; илова бар ин марде аст ҳоким, идоракунанда, сиёсӣ, ҷангӣ ва бо вуҷуди ин, қоҳир ва ошӯбталаб набуда, баръакс, ҳамеша толиби сулҳ ва оромиш будааст.

Ҳанри Массе

Нависанда ва консули Амрико дар Испания дар китоби «MOHAMAD AND HIS SUCC-ESORS» мегӯяд: «Tамоми оёти Қуръон маҳкам ва пурмаънӣ мебошад ва аз рӯйи шуур навишта шудааст. Бинобар ин, санаде, ки боиси тасаллии қалби худамон дар даст бошад, надорем».

Ирвинг

Муҳаммад (с) дар давраи худ ҳушмандтарин араб ва парҳезгортарин ва диндортарини онҳо, пурҳавсала ва бурдбортар аз ҳама ва нисбат ба душманон аз ҳама меҳрубонтар ва хушрафтортар буд ва бар пояи он императории азим ва бемонанди исломиро барпо кард, ки он аз бартарии ин Паёмбар бар мардони бузурги асри худ буду бас.

Хонум Борталам Хилёрд

Mуҳаммад аз бузургтарин хайрхоҳони башар аст ва зуҳури ӯ нишонаи яке аз олитарин оқилон мебошад. Агар Осиё бихоҳад ба фарзандони худ ифтихор кунад, сазовор аст, ки ба ин родмарди бузург ва бемонанд ифтихор намояд. Албатта, яке аз зулмҳои бузург аст, ки агар нахоҳем ҳаққи ин марди бузургро адо накунем, зеро ин ҳамон шахсе аст, ки дар ҳангоми зуҳураш араб дар дараҷае аз ҷоҳилият буда, ки бар мо маълум аст ва боз мебинем, ки пас аз биъсати ӯ бар асари нурҳоеро, ки дини мубини Ислом дар касоне, ки онро бо майл пазируфтанд, фурӯзон кард, чӣ гуна авзоъи он сомон дигаргун гашт.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки шак дар мабҳаси Муҳаммад (с)-ро шак дар қудрати худовандӣ, ки шомили тамоми ҷаҳон ва ҷаҳониён аст, бояд донист».

Ҷон Финрот

Муҳаммад шашсад сол пас аз Исои Масеҳ зуҳур кард ва бо неруи илоҳие, ки дошт, тавонист тамоми номафҳумиҳоро бартараф намояд ва бутпарастиро барандозад ва чун марди дурусткирдор, ростгӯ ва беолоиш буд, мардум ба ӯ лақаби Амин дода буданд. Рафтори содиқ ва азми устуворе дошт ва бо ҳамин хусусиятҳо тавонист гумроҳонро ба роҳи рост ҳидоят кунад.

Хеберт Вил

Дине, ки паёмбари ислом таблиғ мекард ба воситаи содагӣ, ростӣ ва дурустии он ва доро будани тухми демократия ва баробарӣ мавриди истиқболи гурӯҳҳои бузурги кишварҳои ҳамсоя шуд.

Ҷавоҳирлаъл Неҳру

Ғайри мумкин аст, ки касе зиндагӣ ва шахсияти паёмбари бузургро мутолиа кунад ва ӯро такрим накунад. Касе, ки яке аз бузургтарин паёмбарони Худост… ман ҳар чи зиндагии паёмбарро бештар мутолиа мекунам эҳсоси тамҷид ва тақрими ман нисбат ба ӯ шакли ҷадидтаре мегирад ва эҳсоси ҷадиде аз бузургии ин устоди бузурги араб ба ман даст медиҳад.

Aня Бисaнт

Аз уқёнуси Атлас то канори рӯди Ганг Қуръон на фақат қонуни фақеҳу шинохта шудааст, балки қонуни асосии шомили равияи қазоии низомоти маданӣ ва ҷазоии дарбаргирандаи қонунҳое аст, ки тамоми амалиёт ва умури молии башарро идора мекунад ва ҳамаи ин умур, ки ба мӯҷиби аҳкоми собит анҷом мешавад, бархоста аз иродаи Худост. Ба иборати дигар Қуръон дастури умумӣ ва қонуни асосии мусулмонон ва дастуре аст шомили маҷмӯаи қонунҳои динӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, низомӣ, қазоӣ, ҷиноӣ, ҷазоӣ ва ҳамчунин маҷмӯаи қонунҳое аз таколифи зиндагии рӯзона то ташрифоти динӣ, аз тозагии нафс то ҳифзи бадан ва беҳдошт ва аз ҳуқуқи умумӣ то ҳуқуқи фардиву манофеи умумӣ ва аз ахлоқиёт то ҷиноёт ва аз азобу мукофоти ин ҷаҳон то азоб ва мукофоти ҷаҳони оянда ҳамаро дар бар дорад.

Эдуард Гебин

Муҳаммад (с) паёмбаре буд, ки ба ҳамон маънӣ, ки қудамои банӣ Исроил мегӯянд, ӯ аз як ақидаи холис, ки ҳеҷ бастагӣ бо бутпарастӣ надошт, дифоъ кард. Тамоми саъй ва кӯшиши ин мард барои наҷоти миллаташ аз як дини бемаънӣ ва беэътибор буд.ӯ мехост онҳоро аз гирдоби фасоди ахлоқӣ, одатҳои бад ва фасоди ақида наҷот диҳад. Бинобар ин, мумкин нест дар ростии ахлоқ ва шӯру худопарастӣ, ки саросари вуҷудашро фаро гирифта буд, шак кард.

Монтe

Ислом тарҳи хеле ҷадид ва дар айни ҳол тарҳи ғайримаҳдуш ва бисёр олии тавҳид мебошад.

Ҳегел

Aгар бар асоси мизони асари ин марди бузург дар мардум бисанҷем, бояд бигӯем, ки ҳазрати Муҳаммад (с) аз бузургтарини бузургони таърихи инсонӣ аст. Вай дар садад буд, ки сатҳи мутолиот ва ахлоқи қавмеро, ки аз фарти гармои ҳаво ва хушкии саҳро ба торикии таваҳҳуш афтода буданд авҷ диҳад.

Дар ин замина тавфиқе ёфт, ки аз тавфиқоти тамоми муслиҳони ҷаҳон бештар буд, камтар касеро ҷуз ӯ метавон ёфт, ки ҳамаи орзуҳои худро дар роҳи дин анҷом дода бошад, зеро ба дин эътиқод дошт. Муҳаммад (с) аз қабилаҳои бутпараст ва пароканда дар саҳро уммати воҳид ба вуҷуд овард.

Болотар аз дини яҳудӣ ва дини масеҳӣ ва дини қадими Арабистон ойини сода ва дини равшану неруманд бо маънавиёте, ки асоси он шуҷоат ва манфиати қавмӣ буд, падид овард, ки дар тайи як насл дар яксад маъракаи низомӣ пирӯз шуд ва дар муддати як қарн як императории азим ва паҳновар ба вуҷуд овард ва дар рӯзгори мо нерӯи муҳимест, ки бар як нимаи ҷаҳон нуфуз дорад.

Вилли Дурант

Гарчи мо ба динҳои осмонӣ ақида надорем, вале ойини ҳазрати Муҳаммад (с) ва таълимоти ӯ ду намунаи иҷтимоӣ барои зиндагии башарият аст, бинобар ин эътироф мекунем, ки зуҳури дини ӯ ва аҳкоми хирадмандонааш бузург ва боарзиш мебошад ва ба ҳамин ҷиҳат аз пазириши таъолими ҳазрати Муҳаммад бениёз нестем.

Пер Симон Лaплaс

Ҷойи ҳеҷ гуна шакку шубҳа нест, ки Паёмбари Ислом аз бузургони муслиҳи дунё аст, он ҳам муслиҳе, ки ба ҷомеи башарият хидмати шоёне кардааст. Ва ин ифтихорот ва бузургӣ барои ӯ бас аст, ки як миллати хунрез ва ваҳширо аз чанголи аҳриманони одати зишт бираҳонад ва роҳи пешрафтро ба рӯйи онҳо боз кард ва ҳоло он ки ҳар марди одӣ наметавонад ба чунин кори бузурге иқдом кунад ва натиҷа бигирад. Бинобар ин, шахси шохиси Паёмбари Ислом сазовори ҳама гуна эҳтиром мебошад. Шариати Паёмбари Ислом ба сабаби тавофуқи он бо ақлу ҳикмат дар оянда оламгир хоҳад шуд.

Лев Толстой

Душманон агар ба назари ҳақиқат бингаранд хоҳанд фаҳмид, ки дар нафси ин марди бузург афкори фавқи тамаи дунявӣ ва ҷоҳ ва салтанат будааст. Бо зуҳури ҳазрати Муҳаммад (с) пардаи нуфузнопазири зулмати он давра ногаҳон канор зада шуд ва мардуми нимҷазираи Араб асоси маҳками суннатҳои таърихӣ пайдо карданд.

Ренaлд Aлeн Никoлсон

Ақидаи шахсии ман ин аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар миёни машоҳири олам бузургтарин инсоне аст, ки бо як мароми олии тамом ҳам худро масруфи ин дошт,ки ширк ва бутпарастиро решакан карда ва ба ҷойи он афкори баланди исломро барқарор созад ва ӯ хидмати вофир ва намоёне, ки аз ин роҳ ба башарият намудааст, хидматест, ки ман онро ситоиш намуда ва сари таъзим фуруд меоварам.

Перси Сaйкeс

Ақли Муҳаммад (с) аз ақлҳои бузургу бемонанде буд, ки замона камтар онҳоро ба вуҷуд меовард ва бо ҳамон ақли бузург буд, ки Паёмбар (с) аз умур иттилои комил дошт ва бо як назари сатҳӣ пай мебурд ва ташхис медод. Дар муомилоти хусусӣ, гузашт, адл ва инсофи беназире дошт ва бо дӯст ва ошно, фақиру ғанӣ ва заифи қавӣ бо мусовот рафтор мекард.

Флекид

Изофа бар он чи гуфта шуд, тибқи гуфтаи таърихнависони араб ҳазрати Муҳаммад (с) бисёр таҳаммулпазир, мутафаккир, камҳарф, эҳтиёткор, хушгуфтор, дар рафтоp ва кирдори худ бисёp муроқиби адаб ва покизагии хеш буд, то пас аз он ки ба сарват ва иқтидор низ расид, ҳеҷ гоҳ корҳои худро ба дигарон вогузор накард.

Ӯ марде буд бурдбор дар баробари сахтиҳо ва душвориҳо, худдор ва таҳаммулпазир, дорои ҳиммати баланд ва дар бархӯрдҳо меҳрубон ва хушрӯ буд. Яке аз хидматгузоронаш нақл мекyнад, ки ҳаждаҳ соли тамом хидмати ӯро анҷом дод ва дар тӯли ин мyддат ҳеҷ гоҳ сухани тунд ва кирдори малоловаре, ҳатто барои танбеҳ кардани ман низ, аз ӯ надидам. Ҳазрати Муҳаммад (с) сипаҳсолори диловар ва моҳир дар фунуни ҷангӣ буд, агар эҳсоси хатаре менамуд, фирор намекард ва бидуни ҷиҳат низ худро ба хатар намеандохт.

Густaв Любен

Mазмуни китоби Қуръон ба шигифт меоварад ва саранҷом ба таъзим ва эҳтиром бармеангезад, аз ҳамоқатҳои одамӣ аст, ки танҳо ақидаи шахсии худро ситоиш кунад. Ҳар гоҳ маънои Ислом таслим шудан ба иродаи Худованди ҷаҳон мебошад, пас мо ҳамагӣ дар Ислом зиндагӣ мекунем ва мусалмон мемирем.

Гёте

Муҳаммад аз бузургтарин хайрхоҳони башар аст ва зуҳури ӯ нишонаи яке аз олитарин уқул мебошад. Агар Осиё бихоҳад ба фарзандони худ ифтихор кунад, сазовор аст, ки ба ин родмарди бузург ва бемонанд ифтихор намояд.

Албатта, яке аз зулмҳои бузург аст, агар бихоҳем ҳаққи ин марди бузургро адо накунем, зеро ин ҳамон шахсе аст, ки дар ҳангоми зуҳураш араб дар дараҷаи инхитот буда, ки бар мо махфӣ нест ва боз мебинем, ки пас аз баъсати ӯ бар асари анворе ки диёнати ислом дар касоне, ки онро бо майл пазируфтанд, афрӯхт, чигуна авзои он сомон мунқалиб ва дигаргун шуд; ба ҳамин ҷиҳат аст, ки шак дар баъсати Муҳаммад (с)-ро шак дар қудрати Худованд, ки шомили тамоми ҷаҳон ва ҷаҳониён аст, бояд донист.

Ҷон Де Фин Рот

Камтар хонаводае дар Арабистон дида мешавад, ки номи яке аз фарзандонашро Муҳаммад нагузорад ва усулан интишори ин ном дар олам, бештар аз интишори номи Петрус ва Юҳаност, Муҳаммад (с), Паёмбари араб, аввал касе буд, ки ваҳдати миллии арабро амалӣ кард ва он қабоилро дар зери як парчам гирд овард ва ҳангоме ки зуҳур намуд, на танҳо Арабистон, балки ҷаҳон, мӯҳтоҷ ба зуҳураш буд. Ӯ бо қувва ва аъмоли нуфуз ваҳдати Арабро эҷод накард, балки бар асари каломи ширин ва аҳлоки неки худ қалбҳои ин қавмро тасхир кард, то онон аз рӯйи майл аз ӯ пайравӣ карда, ба гуфтаҳояш имон оварданд. Ҳақиқатан метавон гуфт, ки фарзанди Макка сафое дошт, ки дар сойири паёмбарон ёфт мамешавад.

Дар вуҷуди вай неруе буд, ки бо он миёни дилҳои гуногун эҷоди эътилоф мекард ва ба тавре онҳоро муттаҳид мекард, ки дар пиндор ва эҳсос дар ҳукми як дил буданд.

Луи Томaс

Муҳаммад (с), бузург ва пешвои ҳикмати исломӣ ва ҳамеша дар пайи осоиш ва озодии миллати худ буда ва касонеро, ки муртакиби ҷиноят мешуданд, муҷозот мекард. Ин Паёмбар даъват ба парастиши Худои ягона ва дини яккахудоиро таблиғ мекард ва дар даъват ба ин дин лутф ва меҳрубониро ҳатто бо душманонаш л дареғ намедошт. Дар ин шахсияташ ду сифат аз беҳтарин ва олитарин сифатҳои башарӣ вуҷуд дошт ва он ду адлу раҳмат мебошанд.

Харенсиё Далбри

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *