Ноотбуки президент ба ҳама якумхонҳо нарасид
Тибқи анъана, дар Туркманистон 1 сентябр ба ҳамаи хонандагони синфи 1 аз номи президент ноутбук тақдим мекунанд. Дар соли ҷорӣ на ба ҳамаи хонандагон ноутбуки президентӣ тақдим карданд.
«Дар ноҳияҳои Сакарчагину Тагтабозори вилояти Марӣ, инчунин ноҳияҳои Деҳнаву Керкини вилояти Лебап ноутбукҳои ваъдагиро тақдим накарданд», — гуфт як манбаъ.
Анъанаи тақдими ноутбук ба хонандагони синфи 1 аз соли 2011 шуруъ шуд. Соли 2017 хабар расида буд, ки ҳукумати Туркманистон аз Чин 140 ҳазор ноутбук харидорӣ кардааст.
Пештар аз ин хабар расид, ки мақомоти Туркманистон тасмим доранд, дар дохили кишвар истеҳсоли компютерро ба роҳ монанд. Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки то кунун дар ин кишвар наздики 100 ҳазор компютер истеҳсол шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ