Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Нимаи аввали рӯз аз дӯсти ранҷидаатон хабари нав мешунавед. Корҳоеро, ки дар ин рӯз ба нақша гирифтаед, ба баъд гузоред, зеро серкор мешавед.Барои ба эътидол даровардани асабҳо аз неъматҳои табиӣ истифода кунед. Аз ҳама хуб сафар кардан ба домани кӯҳ аст, ки ҳам асабатон ором ва ҳам вақтатон хуш мегузарад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Бо рафтори намунавиатон дили атрофиёнро ба худ ҷалб кардаед. Дар коргоҳ низ ҳамкорон дар ғайбатон суханҳои хуб мегӯянд. Дар тиҷорат эҳтиёткор бошед, зеро аз миён гум шудани маблағро ситораҳо пешгӯӣ мекунад. Барои сайругашт низ вақти ҷудо намоед.
Асадҳо ба чаққониашон дили ҳамаро ба даст овардаанд. Ҳарчанд саломатиашон барояшон ташвишовар бошад ҳам, вале дардро ҷиддӣ қабул намекунанд. Ситораҳо ба онҳо маслиҳат медиҳанд, ки ба саломатии худ аҳамияти бештар диҳанд ва истироҳат низ кунанд.Нимаи дувуми рӯз аз роҳи дур хабари тааҷубоваре мешунвед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Агар хоҳед, ки чуни ҳамеша дар коргоҳ дастболо бошед, ба бадгӯйиҳои душманон аҳамият надода ҳама фикру зикратонро ба кор равона созед. Маҳз ин амали шумо душманонатонро мағлуб месозад. Дар байни рӯз вохӯрии ғайриодӣ шуморо интизор аст, ки ба зиндагии шахсиатон таӯйиротҳои гуворое ворид месозад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Мулоқотҳое, ки бо роҳбаратон анҷом додан мехоҳед, аз паяш шавед, зеро дар кори шумо муваффақиятҳои зиёд меорад. Кӯшиш намоед, ки аёдати падару модарро низ фаромуш насозед. Бо кӯдакон ба сайругашт бароед ва асабҳоятонро дар ҳар корҳои майда чуйда хароб насозед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ҷаддиҳоро хабари нохуш дар аввали рӯзпарешонхотир мекунад. Аз ҳамин лиҳоз бо ҳамкоронатон нофаҳмиҳо шуданаш мумкин аст. Кӯшиш кунед, ки ба эҳсосот дода нашавед. Дар охири рӯз, ба вохӯрие даъват мешавед, ки дар гӯшаи хотиратон набуд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз шунидани хабарҳои хушро аз тарафи шахси маҳбубатон интизор шавед. Тиҷоратеро, ки то ҳол даст назадаед, ин рӯзниз ба нақша нагиред. Муносибатро бо ҳамсоягону атрофиён хуб кунед, зеро табъи болидаи шумо аз онҳо вобастагӣ дорад. Шом барои мулоқотҳои ошиқона мувофиқ аст.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Аз субҳ шурӯъ намуда, ба ободии хонаатон саъю кӯшиш намоед. Аз корҳои беҳудае, ки айни ҳол ба анҷом нарасонидаед, даст кашед. Саломатиатонро фаромӯш насозед. Фаромӯш насозед, ки истеъмоли хурокҳои тез ва сернамак ба саломатии гурдаҳоятон, ки начандон хуб аст зиён мерасонад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар аввали рӯз, фикрҳои гуногун табъатонро хира месозад. Парешонхотирӣ ва асабонии зиёд масъалаҳои сарбастаро пешорӯятон мегузорад. Муносибатро дар коргоҳ хуб намоед, зеро муваффақиятатон дар забонатон аст.Охири рӯз ба мулоқоти ошиқона даъват мешавед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар миёни рӯз хабаре мешунавед, ки дубора ба зиндагӣ дилгарм мешавед. Пешниҳоди хонадоршавиро якбора рад кардан лозим нест. Ба кори нав гузаштанатонро ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, вале барои интихоби ҷойи кори нав хуб андеша карданатон лозим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ