Нопадидшавии ноболиғони тоҷик
Мақомоти ВКД-и Тоҷикистон бо пешниҳоди аксҳо аз мардуми кишвар барои пайдо намудани ду ноболиғи гумшудаи тоҷик кӯмак хостаанд.
Бино ба итилои мақомоти номбурда, Замира Исомова, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, 5-уми сентябри соли равон ба самти номаълум рафта, то ҳол бедарак аст.
Инчунин милиса Хоркашов Хайриддин, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Раштро меҷӯяд, ки давоми 5 моҳи охир бедарак мебошад.
Аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки агар дар мавриди ин ҷавонони бедаракгардида ягон маълумоте дошта бошанд тариқи рақамҳои 2 21 21 21 ва 227 98 98 ба милиса хабар диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ