Нопадидшавии ноболиғони тоҷик

 Мақомоти ВКД-и Тоҷикистон бо пешниҳоди аксҳо  аз мардуми кишвар барои пайдо намудани ду ноболиғи гумшудаи тоҷик кӯмак хостаанд.

Бино ба итилои мақомоти номбурда, Замира Исомова, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, 5-уми сентябри соли равон ба самти номаълум рафта, то ҳол бедарак аст.

Инчунин милиса Хоркашов Хайриддин, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Раштро меҷӯяд, ки давоми 5 моҳи охир бедарак мебошад.

Аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки агар дар мавриди ин ҷавонони бедаракгардида ягон маълумоте дошта бошанд тариқи рақамҳои 2 21 21 21 ва 227 98 98 ба милиса хабар диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *