Новалний иҷозаи сафар гирифт
Хадамоти федеролии судиҷрочиёни Русия маҳдудияти ба хориҷ рафтани мухолифи рус Алексей Навалнийро бекор кард.
Дар ин бора хабагузориҳо иттилоъ доданд. Субҳи рӯзи сешанбе ба Навалний иҷозат надоданд, ки ба Франкфурт парвоз кунад. Ин мухолифи рус мебоист дар ҷаласаи Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страсбург ширкат кунад.
Навалний субҳи 13 ноябр дар фурудгоҳи Домодедовои Москва боздошт ва шиносномааш муваққатан мусодира шуд. Дар фурудгоҳ ба вай огоҳиномаеро нишон доданд, ки Раёсати Хадамоти федеролии судиҷрочиён сафари ӯро ба хориҷ манъ кардааст.
Ин ҷаримаи парвандаи дувуми маъруф ба «Кировлес» аст. Навалний барои дуздии дороиҳои ширкати «Кировлес» шартан панҷ сол аз озодӣ маҳрум ва ҷарима шуда буд. Вай бовар дорад, ки парвандаи мазкур ангезаи сиёсӣ дошт.
Баъдтар Навалний дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки ҷаримаи ахирро пардохт кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ