CNN президентро ба додгоҳ кашид

Телевизиони CNN Доналд Трамп ва дастгоҳи ӯро ба додгоҳ кашид. Даъвои телевизион ба бекор кардани иҷозатномаи ҳузури хабарнигори телевизион Ҷим Акоста дар Кохи сафед рабт дорад. Ҳузури ӯ баъди як нишасти хабарӣ бо ширкати Доналд Трамп маҳдуд шуд.

Дар он нишасти хабарӣ Акоста аз Трамп суол кард, ки чаро муҳоҷиронро дар суханрониҳои интихоботиаш «ғосиб» (ғасбкунанда) номидааст. Хабарнигори CNN аз президент ҳамчунин пурсид, ки аз пажуҳиши робитаҳои эҳтимолии вай бо Русия хавф надорад.

Трамп аз посух додан худдорӣ варзид ва Акостаро «одам дағалу даҳшатнок» номид. Баъди ин моҷаро иҷозатномаи хабарнигори CNN барои ширкат дар нишастҳои хабарии Кохи сафед бекор шуд. Сара Сандрес, сухангӯи Кохи сафед баъдтар хабарнигорро дар «рафтори номуносиб» айбдор кард. Ба гуфтаи Сандерс, Акоста вақте талош мекард, ки микрафонро баргардонад, барқасдона дасти духтари коромӯзро доштааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо Кохи сафедро дар таҳрири навори ҳодисаи мазкур айбдор карданд. Дар даъвои CNN зидди Трамп ҳамчунин номи панҷ каси дигар зикр шудааст. Инҳо роҳбари дастгоҳи Кохи сафед Ҷон Келлӣ, сухангӯ Сара Сандерс, муовини ситоди иртибоботӣ Билл Шин, мудири Хадамоти махфӣ Ҷозеф Клансӣ ва афсари ин хадамот Ҷон Доу ҳастанд.

CNN талаб дорад, ки иҷозатнома ё аккредитатсияи Акоста фавран барқарор шавад.

Ин бори аввал нест, ки миёни Трамп ва Акоста баҳс бармехезад. Дар нишасти хабарие дар ибтидои соли 2017 президент аз посух додан ба суолҳои хабарнигори CNN худдорӣ варзид. Трамп он замон, ки ҳанӯз салоҳиятҳои президентиро соҳиб нашуда буд, гуфт, телевизион мазкур (CNN) «хабарҳои дурӯғ» паҳн мекунад. Роҳбарияти CNN суханҳои президентро маҳкум ва аз хабарнигори худ ҳимоят кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *