Идомаи бемории ҳайвоноти хонагӣ

Ба иттилои шоҳидон, бемории ҳавонҳои хонагӣ дар шимоли Туркманистон идома дорад.

Дар вилояти Дашоғузи он кишвар говҳо ба як бемории номаълуме гирифтор шудаанд. «Мақомоти давлатӣ ва хадамоти бойторӣ ҳеч иқдоме накардаанд. Як сокин 17 сар гов дошт, моҳе пеш якбора 10 сари он фавтид», — хабар дод як манбаъ.

Ахиран шоҳидон аз Туркманистон хабар дода буданд, ки дар минтақаҳои ғарбии ин кишвар беморӣ ва марги ҳайвонҳои хонагӣ авҷ гирифтааст. Охири моҳи октябр расонаҳо аз бемории уштурон дар вилояти Балкани Туркманистон хабар дода буданд. Баъдтар бойторон расман тасдиқ карданд, ки ушторон дар «натиҷаи гуруснагӣ фавтидаанд». Ҳамзамон мақомот аз сокинон хостанд, ки дар ин бора сару садои зиёдатӣ ба роҳ намонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *