Нозироти андози Ҳисор: Дӯконҳои гӯштфурӯшӣ маҳкам нашудаанд!

Дар бозори нави шаҳри Ҳисор идораи андоз тамоми дӯконҳои қассобиро мӯҳр зада, маҳкам кардааст. Мардум мегӯянд, маҷбур шудаанд, гӯштро аз гӯштфурӯшҳои пинҳонкор ба нархи 55-60 сомонӣ бихаранд.

Нозироти андози шаҳри Ҳисор дар пайи саркашии қассобҳо аз шинондани кассаҳои чекдиҳӣ ҳамаи дӯконҳои гӯштфурӯширо дар бозори нави ин шаҳрро мӯҳр зада, бастаанд. Ба қассобҳо гуфтаанд, ки онҳо танҳо баъди харидан ва шинондани кассаи чекдиҳӣ ҳаққи идомаи фаъолиятро ба даст хоҳанд овард.

Арзиши як касса 1800 сомонӣ будааст ва қассобҳо гуфтаанд, ки бо шинондани касса маҷбуранд, нархи гӯштро боло баранд.

Вале як масъули нозироти андози Ҳисор рӯзи 28 сентябр ба хабарнигорон гуфт, ҳадаф аз гузоштани кассаҳо қонунӣ кардани фаъолияти қассобхонаҳо ва дӯконҳои гӯштфурӯшист. Ба гуфтаи вай, бисёре аз қассобҳо аз пардохти андоз сарпечӣ мекунанд ва гузоштани кассаҳо имкон медиҳад, ки фаъолияти соҳибкории онҳо хубтар назорат шавад. Ба ҳисоби мақомоти андоз, аз ҳисоби ин кассаҳо ба хазинаи давлат ҳар моҳ то 5000 сомонӣ андози бештар ворид хоҳад шуд.

Аммо сокинон аз он шикоят доранд, ки баста шудани дӯконҳои гӯштфурӯшӣ боиси саргардонии мардуми корафтода шудааст.

Ҳоҷӣ Шамсиддини Қудрат, сокини деҳаи Тутакаи Ҳисор рӯзи 28 сентябр ба як манбаи муътамад гуфт, имрӯз барои харидани гӯшт ба бозор рафта буд, вале ҳамаи дӯконҳоро баста ёфт: «Аз чанд кас пурсидам, ки аз куҷо гӯшт харам? Гуфтанд, магарам ба Душанбе биравед барои гӯшт, дар Ҳисор ягон дӯкон кор намекунад. Қассобҳо ҳам саркашӣ доранд аз шинондани касса ва мегӯянд, нисбат ба мо ҷабри зиёд шуда истодааст.”

Сокинони Ҳисор мегӯянд, баъзе қассобҳои чолок аз вазъият истифода бурда, ба фурӯши пинҳонии гӯшт сар кардаанд, вале бо нархи 55 сомонӣ барои як кило гӯшти гов ва 60 сомонӣ барои як кило гӯшти гӯсфанд.

Қаблан аз бастани дӯконҳои гӯштфурӯшӣ нархи гӯшт дар бозори Ҳисор то 38 сомонӣ буд.

Шаҳри Ҳисор дар 25-километрии ғарби Душанбе ҷойгир шуда, дар марказ ва 10 ҷамоати он беш аз 250 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Ҳоло бо баста шудани ҳамаи дӯконҳои гӯштфурӯшӣ дар бозори Ҳисор мардум мегӯянд, намедонанд, аз куҷо гӯшт бихаранд? Магар инки барои гӯшт ба пойтахт бираванд…

Мо ин мавзӯъро думболагирӣ намуда, ба сардори нозироти андози н. Ҳисор Фирдавс Сафаров занг задем. Номбурда изҳор дошт, ки ин хабар ягон асос надорад  фъолити ягон дӯкони гӯштфурӯшӣ қатъ нагардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *