Гов бачаи шаҳриро ба зиндон мебарад?

Як ҷавони 21-сола сокини Душанбе бо гумони дуздии як сар гови сокини кӯчаи ВарзобГЭС дастгир шудааст. Ин говро рӯзи 23 сентябр вақте дуздиданд, ки дар партовгоҳи кӯчаи Амиршоев мечарид.

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт бо ариза марди 44-солаи сокини кӯчаи ВарзобГЭСи поёни шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намуд, ки рӯзи 23-юми сентябри соли равон, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз партовгоҳи кӯчаи Амиршоев 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 5500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.

Дуздӣ аз дохили автомашинаҳо

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршуда шаби 16 ба 17-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 04:00-дақиқа, бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «МАЗ”, ки ба марди 26-солаи сокини кӯчаи Меҳнатободи пойтахт тааллуқ дошта, дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 2-адад аккумулятори тамғаи «Барс-210”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамчунин дар рафти тафтишот муайян гардид, ки гумонбаршуда шаби 25 ба 26-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 05:00-дақиқа, бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Дулан”, ки ба марди 31-солаи сокини ноҳияи Темурмалик тааллуқ дошта, дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт беназорат меистод, 2-адад аккумулятори тамғаи «Аком”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ошкор шудани силсилақаллобиҳо

Ба мақомоти милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав шикоят бурдааст, ки моҳи июли соли ҷорӣ, дар назди заводи «Пивабарорӣ”-и шаҳри Душанбе ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Қубодиён бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4 ҳазору 300-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дар рафти тафтишот муайян гардид, ки номбурда моҳи июли соли 2017, бо ҳамин роҳ аз марди 27-солаи сокини пойтахт 4 ҳазору 600-доллари амрикоиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ номбурда моҳи марти соли 2017, дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-солаи сокини кӯчаи мазкур даромада, аз ӯ 4 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Айни замон гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, дар ин самт корҳои тафтишотӣ давом дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *