Маҷлиси Ҳукумат бо ширкати Президент

Бино ба гузориши дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, рӯзи 28 сентябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат доир шудааст.

Ин ҷаласа дар пасманзари сарусадоҳоест, ки дар бораи вазъи саломатии президент бархоста буд. Манобеи наздик ба ҳукумат мегӯянд, ин овозаҳо асос надоранд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28 сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат маҷлиси навбатии ҳукуматро доир кард. Дар ин ҷаласа, бино ба гузориши дафтари матбуоти президент, масоили гуногун, аз ҷумла барномаи рушди кино барои солҳои 2018-2022, нақшаҳои генералии шаҳри Панҷакент ва маркази ноҳияи Айнӣ, барномаи панҷсолаи ҷорӣ кардани технологияҳо дар мактабҳои миёна баррасӣ шудаанд.

Маҷлиси ҳукумат ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба 9 қонун, аз ҷумла ба қонуни маориф, қонуни рӯзҳои ид, қонуни дин, қонуни конститутсионӣ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонун дар бораи рамзҳои Президенти Тоҷикистон ва қонуни бехатарии ҳаракат дар роҳро тасдиқ карда, барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумон ирсол кардааст.

Дафтари матбуоти президент мегӯяд, «дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, захираи маводи сӯхту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезонидани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он супоришҳои мушаххас доданд.”

Хабари ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле нашр шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифини ҳукумат дар бораи гӯё бад шудани вазъи саломатии президент хабар доданд. Ба иддаои ин манобеъ, тадбирҳои шадиди амниятӣ дар Душанбе низ ба вазъи саломатии раисиҷумҳур бастагӣ дорад.

Як манбаи сомонаи «Ахбор” низ иттилоъ дод, ки гӯё рӯзи 27 сентябр вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон каме бад шудааст ва барояш «Ёрии таъҷилӣ” даъват кардаанд. Вале ӯ гуфт, ки аҳволи президент баъди дахолати табибон хуб шуда, ҷое барои нигаронӣ надорад.

Ба сомонаи «Ахбор” муяссар нашуд, ки шарҳи расмии сухангӯи президент дар бораи вазъи саломатии ӯро бигирад. Вале як корманди дастгоҳи президент ба «Ахбор” гуфт, худи инки президент ҷаласаи хукуматро доир кард, ҳама овозаҳоро дар бораи вазъи саломатиаш маҳор мекунад ва дигар ҳеҷ зарурате барои шарҳи расмӣ нест.

Яке аз иштироккунандагони ҷаласаи ахири ҳукумат низ бар асоси мушоҳидаҳояш аз ин маҷлис ба «Ахбор” гуфт, сарусадоҳо дар бораи бад шудани вазъи сиҳҳати Эмомалӣ Раҳмон асос надоранд: «Ду соат маҷлиси ҳукуматро бурд худаш ва баракс хеле пурэнержӣ ба назар мерасид. Аз масъулин даъват кард, ки тайёриро ба зимистон ҷоннок кунанд ва молу маҳсулотро аз ҳоло захира намоянд. Бо итминон гуфта метавонам, ки хабари мариз шудани президентро аз ҳаво бофтаанд, ягон асос надорад.”

Хабарҳо дар бораи тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар Душанбе ба оташи сарусадоҳо дар бораи вазъи саломатии президент равғани бештар рехта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе ҳадс мезаданд, ки шояд ин ду иттифоқ ба ҳам рабт дошта бошанд. Вале рӯзи 28 сентябр вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи афзоиши тадбирҳои амниятӣ дар пойтахт гуфт, ки нирӯҳои интизомиро барои як тревогаи таълимӣ ба по хезондаанд. Аммо сухангӯи вазорати дифоъ Фаридун Маҳмадализода гуфтааст, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пайдо шудани сарбозони аскарони мусаллаҳ дар идомаи машқҳоест, ки қаблан дар вилояти Суғду Фахробод ва минтақаҳои дигар доир шуда буд.

«Ахбор»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *