Нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ғорат карданд

Ба мақомоти милитсия марди 20-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҷойи кораш нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ муроҷиат намудааст, ки шаби 11 ба 12-уми феврали соли 2017, шахсони номаълуми ниқобпӯш ба ҷойи кораш омада, дару тирезаи ҳуҷраи хобашро шикаста, дасту пояшро баста, ӯро зери лату кӯб қарор додаанд.

Сипас, аз он ҷо як адад ДВД, як адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”, як миқдор сӯзишвории бензин ва маблағи 2 ҳазору 340 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии шариконаш се нафар ҷавонони 21, 24 ва 28-солаи сокинони ноҳияи Қубодиён содир намудаанд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *