Доналд Трамп: Русия кишвари қавист, мо қавитарем.

Доналд Трамп, президенти ИМА гармшавии муносибатҳои Вашингтону Москваро пешгӯӣ кард. Дар шабакаи иҷтимоии Твиттер вай навишт, ки «Миёни ИМА ва Русия ҳама чиз хуб хоҳад шуд. Дар замони мувофиқ ҳама чиз рӯ ба роҳ мешавад ва сулҳи пойдоре барқарор мегардад!»
Рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарии муштарак бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар Вашингтон Трамп гуфт, хоҳони беҳшавии муносибатҳои Ғарб бо Русия аст.

«Хуб мешуд, ки агар НАТО ва кишвари мо ҳамзистӣ бо Русияро меомӯхтем. Ҳоло мо бо Русия комилан муносибати хуб надорем. Эҳтимол, дар муносибатҳо бо Русия дар нуқтаи поёнтарин қарор дошта бошем. Ин раванд аллакай тӯлонӣ шуд. Путин — роҳбари Русия аст. Русия кишвари қавист. Мо қавитарем. Бубинем, ки чӣ хоҳад шуд», — гуфт Трамп.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *