Нурӣ Муҳаммад: Худогоҳӣ шуда анқо ба аҳди мо

Узви анҷумани ҷумҳуриявии адибони ҷавон (Хуҷанд, 2016) аст. Маҷмӯаи ашъораш нашр нашудааст.

Нурӣ Муҳаммади Истам, зодаи деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ, муқими ш. Душанбе, хатмкадаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, варзишкори риштаҳои Кудо Бокс ва К-1. Ашъораш дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Истиқбол”, ҳафтаномаҳои “Адабиёт ва санъат”, “Ҷавонони Тоҷикистон”,  маҷмӯаи дастҷамъии «Гулхонаи ҷавонӣ» (2017) рӯзномаи “Овози Тоҷик” (Тошканд) нашр шудааст.

Узви анҷумани ҷумҳуриявии адибони ҷавон (Хуҷанд, 2016) аст. Маҷмӯаи ашъораш нашр нашудааст.

Эй ишқи бениҳоят, ҳар мубтадо ба номат,

Дилҳо бигирад ором аз муъҷизи каломат.

Моему ишқбозӣ бо ҷомаи намозӣ.

К-аз шурбати саъодат бар мо диҳӣ тамомат.

Ҳар лаҳзае бисӯхтӣ нори шубоб моро,

Дар иштибоҳ ғарқем моро макун маломат.

Авроқи мо сияҳ кард, оҳ, ин хутути мармуз,

Чизе намонд инак, ҷуз тавбаву надомат.

Чун раҳсипор будем дар раҳгузори ваҳдат,

Мо ҳам гузар намудем аз кӯчаи мақомат.

Аз ҳар тараф ки рафтам ҷуз ваҳшатам наяфзуд*

Илло аз он тараф, ки афганда буд домат,

Дар хоб дӯш пире дар кӯи ишқ дидам,*

Гуфто ки бевафоӣ з-ин пас бувад ҳаромат.

Чун барнишондаемат андар Буроқи идрок

Ҳушёр бошу дигар аз каф мадеҳ лигомат.

Аз худ баромадам ман дар ишқ азм кардам,*

Бар мунтаҳо расидам дидам раҳи саломат.

Эй дилнавоз, як шаб аз рух ниқоб андоз.

То шарҳа-шарҳа гардад дил то дами қиёмат.

Мо дарси ишқ хондем пеши муаллиме, ки

Мактаб нахонда будӣ, аҳсант, эй каромат.

Нурӣ шудӣ чу огоҳ аз илми ишқварзӣ,

Ҷуброн куну сабақ гир аз иштибоҳи хомат.

***

Ҳамеша нақши лабҳоят бувад лабханд, модарҷон,

Ки ҷони ман ба ҷонат аз азал пайванд, модарҷон.

Маро омӯхтӣ роҳи ҷавонмардию парвардӣ,

Ниюшидам зи ту ҳар рӯз садҳо панд, модарҷон.

Хатоямро накуҳиш менамудӣ вақти тифлиям,

Ва аз кори дурустам мешудӣ хурсанд, модарҷон.

Ба вақти дилгаронӣ то шавам хуш қанд медодӣ,

Ҷаҳонам мешудӣ гӯлранг бо як қанд, модарҷон.

Паранди чашму дилро афганам ё ҷон ба роҳи ту?

Чӣ хоҳӣ? Гӯ! Намегӯям, ки чуну чанд, модарҷон.

Дуоям кун, дуои офият бар зиндагониям,

Ки ин дунёи дун дорад ҳазорон фанд, модарҷон.

Худогоҳӣ ХУДОхоҳӣ шуда анқо ба аҳди мо,

Лаби халқ аз ҳақиқатгӯиҳо шуд банд, модарҷон.

Басе дидам ҷавонон гашта гум дар кӯи номардӣ,

Ки шури навҷавонӣ дар гунаҳ афганд, модарҷон.

Вале ман аз ҳамон оини оина, ки ту додӣ,

Тамоми умр нақши рӯ нахоҳам канд, модарҷон

Ҷаҳон то ҳаст боқӣ аз ХУДОЯМ  хоҳамат ин кӣ:

Ҳамеша нақши лабҳоят бувад лабханд, модарҷон.

***

Зиндагонӣ чи кӯтаҳу чи дароз,* ошиқона ҷавона хоҳам кард,

Муқтазои табиатам ишқ аст, бидъати ошиқона хоҳам кард .

Ошиқе покбоз бояд буд, в-аз ҳама бениёз бояд буд.

Толиби Найнавоз бояд буд,  ишқро ҷовидона хоҳам кард .

Дили шаб сар ба фейсбук андоз, лек ин бор бо таваҷҷуҳи хос,

Достони «Ба номи ИШҚ» бихон, ғазале ҳам равона хоҳам кард .

Шудӣ ёри хабарнигори баном, рафт Лайлӣ ҳарими ибни Салом,

Чу нашуд Қайс дар ҷаҳон бадном, номи худро фасона хоҳам кард .

Мекунам ман қасида ҳиҷронат, сад ғазал орзуи домонат,

Ғами дил шеърҳои нимоӣ, дардҳоро тарона хоҳам кард .

Саду анд оҳ, оҳ бонуҷон, хоб дидам, ки рафтаӣ зи ҷаҳон,

Чун уруҷу самои парвона, хешро бенишона хоҳам кард .

Дари нилии осмон боз аст, дили мо пурвилои парвоз аст,

Гулу лабханд аз ХУДО хоҳам, зери арш ошёна хоҳам кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *