Мулло Ҳайдар: Сабақи майдони Озодӣ ва Шаҳидон (Видео)

Муллоҳайдар Шарифзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ва яке аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Муллоҳайдар Шарифзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ва яке аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Вай дар солҳои 90-уми асри гузашта, узви порлумони Тоҷикистон буд, дар гирудорҳои солҳои навадуми Тоҷикистон ширкати фаъол дошт ва аз тарафдорони ҳукумати феълӣ ба шумор мерафт.

Мулло Ҳайдар борҳо дар суҳбат бо хабарнигорон аз фазои феълии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ситоиш карда, интиқоди баъзе афроду созмонҳои байналмилалӣ дар бораи вуҷуди маҳдудият дар озодиҳои динӣ дар кишварро нодуруст хондааст.

Ҳамчунин, вай борҳо аз ҷавонон даъват кардааст, ки аз сафар ба Сурия ва Ироқ худдорӣ кунанд, донишҷӯёни тоҷик дар мадрасаҳои динии хориҷӣ ба ватан баргарданд.

Мулло Ҳайдар Шарифзода ҳоло 72 сол дорад ва дар масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб масъулияти имом-хатибиро ба ӯҳда дорад ва мегӯяд, “аз зиндагиву кори худ розист”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.