Нурдинҷон Исмоилов меҳмони Убайдуллоев

20 ноябри соли 2018 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бори нахуст бо ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфта, самимона шодбош ва изҳор намуд, ки он дар раванди муносибатҳои байнипарламентӣ самараи нек хоҳад дод.

Зимни мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаю ташаббусҳои созандаи Сарварони давлатҳоямон муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз пеш тавсеа, тақвият, таҳким ва рушд намуда, баҳри пешрафти пайвастаи соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон дар таъмини шароити зиндагии арзандаи шарҳрвандонамон  саҳми беназир мегузоранд.

Ҳамзамон тазаккур дод, ки арзишҳои ягонаи фарҳангию маънавӣ, анънаҳои эҳтироми мутақобила, ки аз умқи асрҳо сарчашма мегиранд ва ҳусни ҳамҷаворӣ пояҳои устувори муносибатҳои абадиро миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро асос гузоштаанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев такон бахшидани фаъолияти гуруҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои ҳамкории байнипарламентиро дар татбиқи созишномаю қарордодҳои баимзорасонидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муҳим арзёбӣ намуда, боварӣ изҳор карданд, ки парламентарҳои кишварҳо барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мухталиф чораҳои муассир хоҳанд андешид.

Нурдинҷон Исмоилов дар навбати худ бо қаноатмандӣ аз бақарор гардидани муносиботи неки ҳамҷаворӣ, аз дастовардҳои Тоҷикистон, бахусус дар бахши гидроэнергетика ва ба истифодадиҳии нахустин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, ки ба манфиати минтақа ва дар навбати аввал ҳамсоякишварҳо садсолаҳо хизмати судовар хоҳад расонд, ёдовар шуда,  барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос ва аз мавқеъ ва назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Ӯзбекистон омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутақобилан судманд қадамҳои боз ҳам устувор ниҳода, бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла тавассути гуруҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои байнипарламентии тарафҳо тадбирҳои мушаххасро ба сомон расонад.

Дар мулоқот ҷонибҳо бо истифода аз дипломатияи парламентӣ омодагии худро баҳри истифодаи самараноки он дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ зикр намуданд.

Таъкид гардид, ки сафари ҳайатҳои парлумонии ҳарду кишвар дар оянда идома ёфта, барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷанба нақши муассир хоҳад гузошт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *