Ях аз бом фитоду занеро кушт

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон яхи аз боми бинои баландошёна кандашуда зани роҳгузареро кушт.

Пулис ин рӯйдодро ҳодисаи нохуш сабт кард. Ба иттилои мақомот, ҳодиса соати 13 рӯзи 20 ноябр рух додааст.

«Зани соли таваллудаш 1958, ки пораи ях бар сараш бархӯрд, то омодани мошини ёрии таъҷилӣ вафот кард», — омадааст дар хабари мақомот.

Мақомоти шаҳри Алмато мегӯянд, бо ҳадафи пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо тасмим гирифтаанд, ки боми хонаҳоро аз барфу ях тоза кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *