Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд
Аз таърихи 19 то 22 ноябри соли ҷорӣ Раиси Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов меҳмони олиқадр дар доираи сафари расмияш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот менамояд.
Ҳамчунин дар назар аст Раиси Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов аз Осорхонаи миллӣ, толорҳои «Кохи Наврӯз», корхонаи саноатии «Ноқилии Талко», неругоҳи барқи обӣ ва обанбори Норак, китобхонаи шаҳри Норак, боғи дӯстии Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ дидан менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ