Барқи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо 35 миллион доллари БОР пайванд мешавад

Бонки Осиёии Рушд барои дубора васл кардани хатҳои барқи Тоҷикистону Узбекистон ва ҳамингуна ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна 35 миллион доллар кумаки бебозгашт медиҳад.

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Душанбе рӯзи 15- уми ноябр хабар дод ва гуфт, маблағи мазкур ба Тоҷикистон дода мешавад.Дар баёнияи бонк омадааст, «ин тарҳ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, барқи изофиро дар мавсими тобистон ба Узбекистон содир карда, истифодаи самарбахши зарфиятҳои энергетикиро таъмин кунад.»Тарҳ насби абзорҳои нави ҳимоятӣ ва ҳамоҳанг кардани системаҳои барқи Тоҷикистону Узбекистонро дар назар дорад. Ҳамоҳангии ду системаи барқӣ имкон медиҳад, низоми барқдиҳии ду кишвар устувор кор кунанд.Харҷи умумии тарҳ 40 миллион доллар аст ва ҷониби Тоҷикистон барои он аз ҳисоби худ 5 миллион доллар ҷудо мекунад. Иҷрои тарҳ соли 2022 ба поён мерасад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *