Нургул Эшилчой аз кӣ ҳомиладор аст?

 Шавҳари пираш бо рашку моҷаро ҷони зебосанамро ба лабаш расонидааст…

 Даричаи ошноӣ:

Номи аслӣ: Нургул Эшилчой

Санаи таваллуд: 26 марти 1976 .

Ҷои истиқомат: Афён-Қараҳисори Туркия

Қад: 165

Касб: актриссаи театр ва кино

Вазъи оилавӣ: ҷудошуда

                              

      Нургул Эшилчой яке аз серхаридортарин актрисаҳои синамои турк ба шумор меравад. Ин зебосанамаро силсилафилми «Шишапора» ба тамошобини тоҷик шиносонд. Нургул дар филмҳои машҳури «Муҳаббат ва ҷазо», «Шикаста» ва «Ишқи гулгун» низ нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст.

Нургулаки хушбӯйи баҳорӣ

Нургул 26 марти соли 1976 дар шаҳраки хурди Афён-Қараҳисор таваллуд шуда, даврони кӯдакиаш дар Измир паси сар гаштааст. Насабаш Эшилчой аз забони турки ҳамчун чойи кабуд тарҷума мешавад. Маънии номаш бошад хушбӯй аст. Ин гулаки хушбӯйи баҳорӣ дар олами рангини синамо худрӯй набуда, маълумоти касбии актёрӣ дорад. Нозукиҳои ҳунари актёриро Нургул дар Англия, дар Донишгоҳи Эскишехир омӯхтааст. Пас аз хатми ин донишгоҳи бонуфуз дари беҳтарин театрҳои кишвараш ба рӯйи Нургул боз гаштанд. Нургули боистеъдод корро аз намоишномаҳои  «Гамлет» ва «Трамвайи орзуҳо» сар карда, исбот намуд, ки ҷавон бошад ҳам, вай дар соҳаи худ «профессионал» аст  ва ҳамчун ҳунарманди касбӣ аз уҳдаи офаридани нақшҳои ҷиддӣ мебарояд.

Саҳнаи театр тангӣ карду…

Нақшҳои офаридаи Нургулро дар саҳнаи театр тамошо карда, машҳуртарин коргардонҳои синамо ин зебосанами дилраборо ба ҳамкорӣ даъват мекардагӣ шуданд. Ин «гургҳои борондида» бо як нигоҳ пай бурда буданд, ки агар симои зебои Нургул дар экрани калон пайдо шавад, ҳазорон-ҳазор одамро мисли оҳанрабо ба худ мекашад. Ҳамин тавр бо васвасаи синамогарон Нургул корро дар театр бас карда, худро пурра ба кино бахшид ва дар як муддати кӯтоҳ номаш вирди забони миллионҳо мухлисони синамо гашт.

Аз мазҳака то фоҷиа

                                    

Аввалин филме, ки Нургул дар он нақш бозидааст мазҳакавӣ буда «Ҳамааш хеле хуб мешавад» ном дорад, аммо баъдан тақдири ин зебосанам бо филмҳои ошиқона ва фоҷиавӣ пайваст. Дар сериали «Баҳори дуюм», «Фаввора» ва «90-60-90» Нургул образи бонувони ошиқро офарида бошад, дар «Қасре, ки ҳавозаи ток дошт», «Арӯс» ва «Сафари Ҳазрати Одам»  сарнавишти қаҳрамонҳояш чунон пурфоҷиа аст, ки оби дидаи тамошобинон беихтиёр ба рухсорашон мешорад.

«Муҳаббат ва интиқом»

Нургул Ешилчой ҳанӯз соли 2008  аз зумраи серхаридортарин ҳунармандони турк ба шумор мерафт ва коргардонҳои хира соатҳо дар пушти дараш менишастанд, то баробари аз сафар баргаштанаш пеши роҳи актрисаро гирифта, бо зориву тавалло ӯро ба офаридани нақш дар филмҳояшон розӣ кунонда, ҳамроҳаш шартнома банданд. Филмҳои «Ҳафт шавҳар барои Хурмуз» ва «Виҷдон» маҳсули ҳамон давра буда, шуҳрати Нургулро оламгиртар гардониданд, аммо қуллаи эҷодиёти ин зебосанам филми «Муҳаббат ва интиқом» аст, ки соли 2010 дар экран пайдо шуда буд. Дар ин филм ҳамбозии Нургул актёри машҳури турк Мурод Йилдирим буд. «Муҳаббат ва интиқом» дар хориҷи кишвар низ харидорони бисёр пайдо намуд ва тавассути ин сериал Нургулро қариб дар нисфи олам мешинохтагӣ шуданд.

Марди зандор-дарди сар

                   

Дар яке аз мусоҳибаҳояш Нургул гуфтааст, ки бо марди зандор муносибат кардани бонувонро қабул надорад, вале дар вақташ актёр Ҷем Ёзир ба хотири Нургул ҳамсараш Селин Делменро партофта, ин зебосанамро ба занӣ гирифта буд. Шавҳараш аз Нургул 17 сол калон буда, онҳо соли 2004 оиладор шуданд. Шаш соли дароз табобат гирифта, ниҳоят актриса ба муроди дилаш расид ва Мурод ном писари зебоеро ба дунё оварда, ба номи бузурги модар мушарраф гашт, аммо тавлиди фарзанд низ натавонист киштии бахти онҳоро аз ғарқшавӣ дар баҳри нофаҳмӣ ва ҷангу ҷидолҳои оилавӣ наҷот бахшад.  Шавҳари пираш Нургулро ба ҳар як ходаи сари роҳ рашк карда, моҷаро мебардошт ва девонавор дод зада талаб мекард, ки аз баҳри синамо гузашта хонашин шавад, вале Нургули дар қуллаи шуҳрат қарордошта ба хотири шавҳар қуллаи орзуҳояшро тарк кардан намехост. Рашки беҳуда ва ҷангу ҷидоли мӯйсафед билохира ба дили зани ҷавон зан ва кӯдакашро гирифта баромада рафт…

Гавҳари серхаридор

                      

Актриса баъди аз шавҳар ҷудо шудан нафаси осуда кашиданӣ буд, вале дере нагузашта боз як ошиқи шилқин аз паяш мисли соя мегаштагӣ шуда монд. Ин коргардон Толга Карачелик буд ва мехост Нургулро қонунан зан карда гирад, вале зебосанами як бор шаттаи гови пирро хӯрда, дубора хато кардан нахоста, пешниҳод намуд, ки аввал хислату хӯйи ҳамдигарро омӯзанд, баъд вай ягон фикр мекунад. Имрӯзҳо Нургулу Толгаро дар маъракаҳо тез-тез ҳамроҳ дидан мумкин аст. Ба саволи журналистон дар бораи он ки оё онҳо зану шавҳаранд, актриса табассум карда муносибатҳояшонро «Издивоҷи меҳмонӣ» меномад, вале ҳолдонҳо мегӯянд, ки Нургул ҳомиладор аст ва ба наздикӣ фарзанди дуюмашро ба дунё меорад. Аксарият боварӣ доранд, ки падари ин тифл маҳз коргардон Толга Карачелик аст, аммо то куҷо ҳақиқат доштани ин овозаҳоро ба ҷуз худи актриса дигар касе намедонад…

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *