Нуриддин Саид ба журналистон ваъдаи бунёди хона кард

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, ки барои кормандони ниёзманди ин ниҳод дар пойтахт биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ созад. Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои рӯзноманигорон  бо раси шаҳри Душанбе мувофиқа карда шудаст.

Дар ин бора Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дода, ин иқдомро барои дастгирии кормандони соҳа муҳим хонд.

Вай гуфт, ки шаҳрдории Душанбе бунёди биноҳои истиқоматии аз 9-ошёна поинро дар ҳудуди пойтахт мамнуъ кардааст, бинобар ин бунёди биноҳои 12-ошёнаро дар назар гирифтаанд.

Тарҳи ду бинои 12-ошиёна омода карда шуда, дорои 144 хонаи як ва дуҳуҷраӣ мебошанд. Нуриддин Саид гуфт, дар ин робита ба шаҳрдори Душанбе мулоқот кардаасту аллакай тарҳҳо мувофиқа шудаанд.

Дар мавриди он, ки киҳо соҳиби хона мешаванд, раиси Кумитаи телевизион ва радио иброз дошт, идораи шабакаҳои радиою телевизионҳо дастур гирифтаанд, ки феҳрасти кормандони ниёзмандашонро пешниҳод намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *